Боди серун вазид. Ниҳоят форам расид. Хоб овард. Ҳар кас, ки монда шуда буд, ба сари замин нишаст ва ба истиқболи бод сари сина кушода ва даҳон боз кард. Занҳо ва духтарон аз гиребони куртаҳо дошта, афшонда, худро бод доданд.
Ҷовид се бор ба сари замин баромад: аввал тобаи худро баровард, тобаи Савриро ҳам баробараш даравид, баъд ба бобои Ниёз ёрӣ дод. Ҳоло ба духтарон наздик шуда ёрӣ диҳад ва ё сари замин баромада шинад? Намедонад. Хаёлаш парешон шуд, мисли мардак дар бораи рўзгор фикр кард, падари беморро пеши назар овард: ҳў он ҷо деҳа, дар ҳавлии онҳо ҳам ширмаҳтоб, падараш зери пардаи равшани моҳ хобидааст ё бедор бошад? Ба модараш хотираҳои ҷангиашро мегўяд. Охир, дар чунин шаб кӣ хоб мекунад?
— Холаи Саврӣ!
— Ҳа!
— Ман як дав катӣ ба деҳа рафта оям.
— Барои чӣ?
— Додомро дида меоям. Дилам алоб гирифта истодааст. Будагӣ гап, то саҳар шумо ғанав мекунед, ман дигар хоб надорам.
— Дар ин ғояти шаб?
— Ғояти шаб ҳам бошад, равшан, бинед, деҳа метобад... Холаи Саврӣ!
Саврӣ ба рўи писарак нигарист. Ва дил кард, ки ман ҳам ҳамроҳат меравам гўяд, вале худдорӣ кард. Ў донист, ки Ҷовид чиро дар назар дошта чунин гўяд, барои ҳамин забони сухан боздошта ўро ба оромӣ даъват кард:
— Ҳозир ҳама дам мегирем...
Ҷовид то субҳдам хоб накард. Ба моҳ нигаристу ба ситораҳо:
ба Саврӣ гўш медоду ба як садои номаълуми дуре, ки дар хаёлаш ўро алла гуфта, бедор медошт. Ҳамин шаб худ ба худ фикр кард, ки калон шуда истодааст. Шаб ё саҳар падару модараш маслиҳат мекунанд, ки ба ягон дар рафта духтареро нон шикананд. Албатта, он духтарак кист, касе надонад, вале чӣ гап аст, ки Саврӣ Ҳабибаро пеш меорад. Ҳабиба духтараки резапайкари пурра, сиёҳҷурда, ҳама вақт хомўш, вале ягон гап ба ў маъқул шуда монад, хандаро боздошта натавонад. Шикамашро дудаста дошта ба замин шинад.
Хандида-хандида холӣ шаваду баъд аз ҷой хезад. Ашки аз зўри ханда шоридаро пок кунад. Ин ҳолат аҳён-аҳён шавад. Инро Ҷовид дар мактаб дидааст, вале ҳоло ў ҳеҷ намехандад. Аз бозе, ки модараш аз олам гузаштааст ва падараш ба ҷанг рафтааст, касе лабхандаи ўро надидааст. Ба назари писарак расад, ки ў дар дил гапе дорад, аммо гуфта натавонад. Чун гуфта натавонӣ, дамбадарун, хомўш ва пакар мешавӣ.
— Ҷовид!
— Лаббай!
— Ҳабиба духтари нағз-а?





