Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 444 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 444 аз 470 · 3 ноябри 2026

Хаёле раги дасти Ҷовид кашид. Досаш пояҳоро набурид.
— Чӣ мегўед, холаи Саврӣ? – мазмун, занак номи ўро баланд гирифтааст, ки Ҳабиба шунида, пурсид.
— Не, ҳамту, номата гирифтам.
«Ҳабиба, Ҳабиба!.. Хурд асту ин хел хушхон. Булбул ҳам мурғаки хурд, вале овози хуш дорад...» аз дил гузаронд Ҷовид ва дуздида аз болои қомати хамидаи Саврӣ ба тарафи рост зеҳн монд, ки ўро мебинад ё не. Рости гап, то алвақт вай таваҷҷўҳ накарда буд, ки Ҳабиба дар куҷо ва ҳамроҳи кӣ дарав мекунад, дар сари қўш ҳам ба ў эътиборе надод, ҳоло гапи Саврӣ як даста оташ барин дар дили ў ҷо шуд. Ў ба он тараф нигаристу духтаракро надид ва боз як сатил оби сард алангаи дили ўро хомўш кард. Ин ҳам айби нигоҳи ўст, ки Ҳабибаро кофта-кофта наёфта, боз ба Саврӣ бархўрд. «Холаи Саврӣ дурўғ мегўяд: ин овози Ҳабиба набуд ва баъд вай изо кашида, ин хел хонда наметавонад...»
— Чӣ мегўӣ, Ҷовид? – гўё аз таги дили ў бохабар бошад, пурсид Саврӣ.
— Ҳеҷ... Мегўм, ки вай хонда наметавонад.
— Не, бешўхӣ ҳавай.
Ҷовид ба гапи Саврӣ бовар кард ва дигар худро бепарво вонамуд. Як бор ба маҳтоб нигарист, ки аз тори сарашон гузаштааст.
Ва ҳамин хел рафтан гирад, то дуродур расида ба шиносони аз чашмҳо дур салом бурданаш мумкин. «Ман ба амаки Аюб хат наменависам... Навишта чӣ ҳам мегўям? Ба ту, моҳтоби роҳгузар, мегўям, ки аз дидаҳоят ба ў ҳикоят кун, бигўй, ки худам дидам, ҳама сиҳату саломат, дарав карда гаштанд...»
— Чӣ мегўӣ, Ҷовид? – саволашро такрор кард Саврӣ.
— Мегўм, ки ман ин зайл шаби шир барин сафедро ҳеҷ вақт надида будам, – гапро дигар тараф гардонд Ҷовид. – Моҳтобро бинед.
— Ҷовидҷон!
— Лаббай.
— Ҳабиба бисёр духтари нағз, баодоб...
— Ба ман чӣ? – фикр накарда гуфт Ҷовид. Баъд дид, ки Саврӣ аз гапи зада пушаймон, суханашро қувват дод: – Духтари баодоб ҳамин зайл дар байни мардон ҳофизӣ мекунад?
— Вай нахондааст, ман ҳамту гуфтам.
— Барои чӣ?
— Барои он ки Ҳабиба духтари қобил...
Ҷовид дигар гапро кашол надода, «Тоба тамом шуда истодааст» гуфт. Саврӣ ҳам ба гандуми нодарави пеш нигарист, гапро бас карда, тамоми фикру зикрашро ба дарав монд. Ў пай бурд, ки имрўз вақтро беҳуда гузаронд: чандин бор сари қўш рафт, гапзанон кард, боз имшаб бедораш накарданд, хоб рафт. Акнун тез-тез дос мекашад, то пештар ба сари замин расад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан