Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 443 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 443 аз 470 · 3 ноябри 2026

Вале дар паҳлўи тарозуи ҳусн гузоштани ҳузнро ҳам фаромўш накардааст. Агар ин хел аст, хубтар буд, ки ҳусни ўро кам мекарду саодаташро зиёд. Наход? Наход, ки ҳамон вақт ҳам ягон гап мебаромад? Наход, ки дар чунин ҳолат ҳам... Кӣ медонад? Шояд он вақт забони мардум ба ҳар гап намегашт ва Аюб ногап намерафт.
Фикрҳои Ҷовид аз сар канда-канда гузаштанд. Ва худаш ҳам дигар тоқат накард, ки дар зери шинел бароҳат хоб раваду дигарон кор кунанд. Ҳис кард, ки мўяҳои шинел сари синаашро ба хориш оваранд. Пас ў якбора рўпўшро ба нўги пой ҳаво дода, ҷаҳида хест ва хам шуда доси зери болин мондаро гирифта, сўи дарав рафт. Суруд қатъ шуда буд. Фақат садои пояҳоро шикастани досҳо меомад.
Маҳтоб мисли нурполое, ки ба равзанаи гунбади азими руҳандуди миноӣ гузошта бошанд, ба миёни осмон омада буд. Зебо менамуд ба назари Ҷовид.
— Холаи Саврӣ?
— А? – як қад парида ба паҳлў нигарист Саврӣ.
— Чаро маро бедор накардед?
— Дилам нашуд, Ҷовидҷон... Дидам, ки ширин хобидӣ. Ҳамроҳи Нозим хоб кунед, гуфтам.
Ҷовид аз байни Саврию Искандари ланг ҷой гирифт ва чанд бор дуздида ба мардак нигарист, ки барои ин ҷо даромада дарав карданаш чӣ мегуфта бошад. Мардак нигоҳи маънидори ўро пай набурд, ки чизе нагуфта, бо шаст дарав кардан гирифт. Аз ин кори мардак Ҷовид гумон кард, ки ба миён даромадани ўро дида қасдан ин хел дарав мекунад. Хуни ў ҳам ҷўшид, ки мусобиқа барин зуд-зуд дос кашид.
— Дуруст-ку! – дарзаро ба паҳлў гузошта гуфт Искандари ланг ва пои ба тарафи Ҷовид дароз рафтаро андаке пеш лағжонда, – Шери амак, ҳушёр шав, ки неши досат ба поям нарасад, – гуфт.
— Не-е! – гуфта Ҷовид аз ин гапи шўхиомези мардак рўҳ гирифт ва нафасашро рост кард. Ў интизор буд, ки боз суруд мехонанд. Аммо дигар касе овоз набаровард. Аз афти кор, суруди сароянда хотима ёфт, ё худ монда шуд. Ва ё аз такроран хондани суруд шарм кард.
— Холаи Саврӣ?
— Ҳа!
— Шумо суруд хондед?
Ҷовид аз ин саволаш пушаймон шуда, лаб газид, забон хоид, дандон соид. Дараваш суст шуд. Арақ пахш кардаш. Саврӣ хомўш шудани ўро дида, ногувории ҳолати ўро пай бурд, ки:
— Не, ман не... – гуфт ва интизор шуд, то Ҷовид «кӣ» гўён пурсад, чунин ҷавоб нагирифт, худ илова кард: – Ҳабиба...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан