Ҷовид хоб, вале фикраш бедор буд ва фикри бедораш ўро ҳам бедор кард. Ў ҳанўз чашм накушода ба гўшаш садои суруде даромад. Касе хунёгарӣ мекард. Гумонаш, хоб мебинад. Дар ин замон кӣ бедард, ки суруд хонад? Кист, ки алами дигарон аз дилҳо рабудан хоҳад?.. Не-е, кадоме радиоприёмники идораи колхозро бардошта овардагист. Вале суруд суруди радио не, халқӣ:
Ҳар саҳар мехезаму як доси каҷ бар гарданам,
Сўи гандум меравам, ҳар ҷо ба зону мезанам...
Гандуми пурхор бошад, доси худ санг мезанам...
Ҷовид чашмонашро нимроғ кард. Фазо ба назараш равшан намуд.
Адири рў ба рў ҳам чунон тобад, ки хуршед шафақи субҳонаашро афканда, ҳоло рух нанамуда бошад. Ў дидаашро калонтар кушод, ситораҳо намуданд, дар осмони соф чунон муҷалло буданд, ки касе ангуштариҳои зиёди гавҳарнигинро рў ба рўи офтоб дошта, ба чашм равона карда бошад. Ў чанд бор мижа зада худро санҷид, ки бедор аст ё хоб. Пас фаҳмид, ки офтоб набаромадааст, балки ширмаҳтоб аст. Ў сар набардошта, каллаашро ба ду тараф ғел гардонд: касе набуд. Ҷогаҳҳо холӣ, ҷо-ҷо ҷомаю чакманҳо бетартиб, таҳ нокарда. Донист, ки ҳама ба шабдарав хестаанд, вале сабаб чӣ бошад, ки ўро бедор накардаанд. Хестанӣ шуд: «ҳозирҳозир». Аммо хоб ширинӣ кард. Агар бархезад, ҳама ҳаловате, ки ҳоло, дар ин нимашабон дар зери шинели падар дорад, гум шавад, махсусан оҳанги суруде, ки зане хонад ва кӣ будани ўро Ҷовид надонад, ношунида монад. Дар гумонаш сароянда Саврӣ аст, зеро дар байни даравгарон фақат ў чунин овози форам дорад. Барои чӣ суруд мехонад? Магар худро шарманда карданист?
Ҳама донанд, ки ҳоло сароидани ў барвақт аст. Боз дар байни мардум. Танҳо ба танҳо, барои таскини дил бошад, гапи дигар, вале ин зайл баланд хондани зани шавҳарҷудо ғайри қабули ақл.
Набошад, кӣ?.. Шояд Шаҳбону бошад, ки пеш аз ҷанг ҳам ягонягон дар тўйҳои хосаи занона суруд мехонд, вале ў ин зайл овози форам надошт. Ҷовид хоболуд аст. Шояд барои ҳамин ба гўшаш форам расад? Шояд дар ин солҳои наздик, ҳатто баъди аз ҷанг баргаштани падар ҳам, ки ҳофизиро нашунидааст ва ҳоло дар ҳолати хуш ва шаби зебо, ки дар афсонаҳо ҳам кам дида шавад, шунидани чунин овози форами зан барои ҷавонписаре, ки акнун ба зебоии зан ва оҳанги сухану гуфтори онҳо сарфаҳм мерафтагӣ шудааст, аз тамоми ашёю матои рўзгор қиматтар ва пурқадртар бошад. Бошад, ки ў ин овоз овози Саврӣ гуфта ин қадар ҳаловат барад, вале худаш надонад, ки барои чӣ? Шояд барои он бошад, ки (ба фикри худаш) табиат ўро ниҳоят мулоҳиза карда, санҷида, баъд сохтааст.





