Ў хаёлолуд досро гирифта ба дарав хам шуданӣ буд, ки Искандари ланг аз ў пурсид:
— Ҷовид, ў барои чӣ омадааст?
— Хамроҳи падараш... Дарав мекардаанд.
— Чӣ-ӣ? Абдул?
— Ҳа, – ҷавоб дод Ҷовид ва каси аз лаби рўд боло омадаро нишон дода гуфт: – Нигоҳ кунед, ў нест?
— Худаш, – тасдиқ кард мардак ва нигарон истод.
Ў ба тарафи даравгарон не, балки ба ҷое, ки писараш меистод, нигоҳ карда рафт. Бозистод. Нишаст. Рў ба сўи деҳа овард. Аз рафтораш пайдост, ки сари дарав омадан нахоҳад. Хеле нишаст.
Мўсохон ҳам гардани харро оғўш карда истод. На сар медод ва на мегузошт, ки ҷонвар наҳорӣ кунад. Омадани падарро нигарон буд.
Абдул нишасту нишаст. Шояд ў аз одамон шарм дорад. «Савора пиёда нашавад ва фарбеҳ аз гўшт наафтад» гўянд.
Рўз гашт кард, ў ҳоло ҳам менишаст ва касе пайдо нашуд, ки назди ў рафта ҳол пурсад. Кӣ гумон мекард, ки Абдул ба чунин ҳол меафтад?
Искандари ланг, шояд хотири некиҳояш бошад, лангон-лангон назди ў рафт. Абдул аз омадани Искандар магар шод набуд, ки на ҷунбид, на даст дароз кард. Искандари ланг назди ў нишаст ва чиҳое гуфт. Баъди хеле вақт онҳо бархостанд ва Абдул то назди писар омада ба ў чизе гуфта ва досро гирифта дуртар аз ҷои дарави мардум сари гандуми нодарав рафт.
Ў тобаи ҷудо гирифт. Шояд аз рў ба рў омадан бо даравгарон рўяш дуд мекард.
Мўсохон бо ишораи падар харро ба буттае баста, назди ў рафт.
Абдул хам шуду рост, хам шуду рост. Дасту дилаш ба қабза гирифтан нарафт. Ў миёнашро дошта истод. Аз миш-миши дигарон бобои Ниёз рамуз гирифта, чашм танг карда, зўр зада ба он тараф нигарист, вале сояи Абдул ва як нафар одами хурдро диду бас. Вале Искандари ланг гаштаю баргашта ба ў менигарист. Ба куртааш кайк даромадагӣ барин бетоқат буд.
Абдул то фурўрафти офтоб сарам-дилам кор кард ва баробари даравгарон сари марзаи гандум баромада нишаст.
Ҳаво торик шуд. Ба луқмаи Искандари ланг бобои Ниёз луқма партофт, ки ганда бошад ҳам, аз они худамон, бароварда партофта нашавад, даъват кунед, ки Абдул назди мо биёяд. Искандари ланг боз ҷониби ў рафт. Вале зуд баргашт: «Нест, рафтааст!»
— Ў наметавонад, хунаш хобида, кор карда наметавонад, – ба такрор гуфт бобои Ниёз. – Лекин боз меояд, худаш меояд...





