Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 440 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 440 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Нигоҳ кунед, мешиносед.
Саврӣ ба савор нигарист ва баъд ба Ҷовид рў гардонд.
— Ҷовидҷон, рафта фаҳм, ки барои чӣ омадааст? – худдорӣ карда натавониста, хоҳиш кард Саврӣ.
— Ман пеши он ҷинӣ намеравам. Нозим равад.
Саврӣ қатъӣ будани сухани Ҷовидро дониста неши дос ба замин зад ва тарафи савор рафт. Ҷовид хам шуда аввал тобаи Савриро даравид, то доси ў ҳам қафо монад. Вале феъли баччагиаш гирифта, чунон девкорӣ кард, ки ҳатто фарёди Савриро нашунид, дигарон ба ў гуфтанд, ки ўро ҷеғ мезанад.
Ҷовид қоматашро рост карда ба он сўй зеҳн монд ва дид, ки Саврӣ даст гардонда, ўро ба наздаш мехонад.
«— Рав канӣ, чӣ мегўяд!» – ўро ба роҳ андохтанӣ шуданд:
– «Шояд додот ягон гап таъин карда бошад».
Ҷовид бемории падарро ёд оварда, ҳамаро фаромўш кард ва тохта рафт, то саломатии падарро пурсад, вале ўро диду боз зуъмаш гирифт. Пурсида натавонист.
«— Ҳӣ!» – нағма кард Мўсохон ва ба хати секунҷаи дасти Саврӣ ишора кард.
Савриро дил тапид, мактуб дар дасташ ларзид. Хандаи ноҷои Мўсохон ўро ба худ овард, ки мактубро ба Ҷовид дароз кард.
Ҷовид мактубро зуд кушода ба хондан даромад.
— Аз кӣ? – пурсид Саврӣ.
— Омадани додом кай буду мактубаш акнун омад, – гуфт мактубро баргашта қат карда зери дандон дошт ва ёрӣ дод, ки бори харро фуроранд. Кўрпаҳо ва хўрҷинро аз пушти полон баргирифтанд.
Саврӣ аз хўрҷин ду дона себ гирифт ва якеро ба Ҷовид дод.
Сонӣ аз Мўсохон пурсид:
— Кўрпаҳоро барои чӣ овардӣ?
— Ҳо-о ана, дар лаби об дадем меоянд, – сўи Зарафшон даст ёзонд, вале дар он ҷо касе нанамуд. Ҷовид оҳиста себро ба хўрҷин гузошт. Саврӣ инро дид, вале вонамуд накард...
Ҷовид ба обканде фуромада ба хондани мактуб сар кард.
«Додари азиз, Ҷовид! Ман аз ту илтимос карда будам, ки калону гарон ҳастӣ, аз Нозими мо бохабар шав, намон, ки касе озор диҳад. Ягон кас гумон накунад, кн онҳо бекасанд. Нозим боақл аст, вале дили нозук дорад, аз як даҳан чаттии беҷо ранҷиданаш мумкин...
Ҷовидҷон, фаҳм, агар камбудие дошта бошад, ба додот гўй, ёрӣ диҳад. Худо хоҳад, гашта равам, қаврунашро мегардонам...
Нозими маро бибўс, вале аз номи ман гап назан, ки дилаш об мешавад... Хандаю бозӣ кунед...»
Ў ба Саврӣ нигарист, ки аз ин сирр огоҳ нашуда бошад. Саврӣ дар сари дарав буд. Ҷовид мактубро зери тобасанг карда сари дарав рафт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан