Ҳозир, ана ҳозир, неши доси кадоме ба он пуфак мерасаду кафида садояш гўши оламро кар кунад. Эҳтимол неши доси ҳў-ў пирамарди канор. Не, ў ниҳоят эҳтиёткор, неши доси ў нарасад. Ҷавони аз се кас чап ниҳоят беқарор, шояд неши доси ў ин хомўширо вайрон кунад. Аз афти кор, касе ин чизро нахоҳад: нахоҳад, ки як чизи дупа-дурусти даркориро бо неши дос зада кафонад. Ҷовид ҳеҷ чиз нафаҳмид, дар куҷои ин замини лалм ин хел пуфаки азим истода бошад. Ва онро кӣ дам карда ба ин баландӣ оварда бошад?
Ниҳоят ў дарёфт, ки пуфак дар ў, дар гулўи ў пайдо шуда буд. Ў забонашро ба коми хушк часпонда макид, ки ба даҳонаш луоб пайдо шавад, то ба воситаи он пуфаки дар гулўяш дармондаро фурў барад. Вале забони ў ба коми хушк часпид. Ў як ба Саврӣ нигоҳ кард, ки ин чизро гўяд, вале худдорӣ кард. Неши досро ба замин зада, сўи ғарами бандҳо рафт ва об хўрданӣ шуда кўзаро бардошт. Ба гўшаш аз даруни кўза садои Зарафшони шўх омад. Ў ҳайрон шуда гўш наздиктар бурд. Дар ҳақиқат садои рўд меомад.
Ҷовид сирри ин чизро нафаҳмида, ба зер нигарист. Ў на садои рўдро шунид ва на худи онро дид. Ногоҳ аз хамӣ саворае боло омад. Яқин кард, ки ў обкашон аст. Дур, ки буд, нигарон нашуда, бо ҳалқи хушк сўи дарав рафт.
— Чӣ ҷўӣ, Ҷовид? – парешонии ўро пай бурда пурсид Саврӣ.
— Ташна мондам, об набудааст.
— Об набудааст?
— Не, кўза холӣ, шояд, ҳўў, ана он савор об биёрад?
— Ҳа, боз каме тоқат кун, ҷони ман.
Ҷовид хам шуд, ки досро гирад, вале дар пеши гандуми нодарав доси ў набуд. Баъд дид, ки досаш хеле қафо монда Саврӣ тобаи ўро ҳам даравидааст. Ҷавон ба сўи занак чунон нигоҳе афканд, ки аз он ҳазору як маъниро хондан мумкин буд.
Саврӣ ба нигоҳи ў эътиборе надода, калон-калон қабза гирифт.
— Миннатдор, холаи Саврӣ!
— Ин кори якҷоя, ҷони ман, як кас, ки рафт, каси дигар аз тани ў бояд даравад.
Ҷовид ба сўи савор нигарист. Хари ў лаванду лоғар мегашт.
Савор бо тамоми овоз суруд мехонд, вале чӣ мехонд, намефаҳмид:
«Ҳой-ҳой». Ҷовид як назар ўро ба Мўсохон монанд кард. Дигар нигоҳ накарду хам шуда як қабза гандум гирифт, вале тоқат накарда боз рост шуда сўи савор нигарист. «Худаш» зери лаб пичиррос зад ў ва баъд кинояомез ба Саврӣ гуфт:
— Хешатон меояд!
— Кадом хешам! – қоматашро рост карда пурсид Саврӣ.





