Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 438 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 438 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дили ў бештар офтобу ҳавои тоза мехост, вале ў ба андешаҳои зиёд ҷувозро гардон кард, ки оши мардум явғон намонад, ана акнун ба ин ҳол афтод. Соро барои ў шуда аз шабдарави он тарафи Зарафшон монд. Ба ҷои ў Ҷовид рафт. Ҳама шаббош буданд, ҷуз чаҳор-панҷ занаке, ки тифлони ширмак доштанд. Онҳо саҳари барвақт як санг роҳро пиёдаю харакӣ тай карда ба дарав мерафтанд ва танҳо пеш аз ғуруби офтоб бозгашт мекарданд. Саврӣ шаббош буд. Баробари ҷавонону пирон меҳнату ғайрат мекард. Ягона каси наздики ў Ҷовид буд. Ҷовид, ки шинели падарашро ба ҷои кўрпа ҳамроҳ гирифта буд, вақти хоб як лаби онро ба рўи кўрпаи Саврӣ мепартофт, то хунук нахўрад. Баъд чанд бедаҳан ўро масхара карда изо доданд. Ҷовид худро дур кашид, вале Саврӣ ба ў фаҳмонд, ки мардакҳо ҳазл мекунанд, то ту гиря кунию онҳо ханданд.
Ҷовидро ба об фиристоданӣ шуданд, вале Саврӣ намонд: «Зарафшон хунталаб аст, бачча об гирифта наметавонад» гуфт. Ҷовид мисли даравгарони пуртаҷриба ба як маром дарав намекард, то қувваашро барои бегоҳ ва шабдарав сарфа кунад. Ў тез-тез даравида, як қомат рост мекард ва ё дарди миёнашро рафъ карданӣ шуда аз миён болоро ба пушт майл медод: баъзан нишаста дарав кардан мехост, вале аз масхараи мардум канора ҷуста дандон ба дандон монда, ҳар қадар зўр дошт, сарф мекард.
Ҷовид аз паҳлўи чапи Саврӣ дарав мекард. Аз паси онҳо Нозим дарзаҳоро ҷамъ карда рўи бандина мегузошт. Ҷовид низ дарзаро болои бандина гузоштанӣ шуда як ба Саврӣ нигарист. Вай абрўгирифта буд. Мўи сарашро сахт печида, то гарду ғубор нашинад.
Вале ба назари Ҷовид дигар намояд: гўё ў нахоҳад, ки дар чунин ҳусну латофат касе мўи бармаҳал сафедшудаи ўро бинад. Рўзҳои пеш рухаш заъфаронӣ шуда ва зери пўсташ заҳир гашта буд, акнун ба вуҷуди абрўгирифта буданаш суп-сурх тобад ва чунин намояд, ки тамоми ҳарорати офтоб ва нури заррини он дар зери пўсти ў ҷо шудааст. Саврӣ гандумро қабза-қабза дошта, дос кашад.
Вале дар ҳар доси кашидааш касе ё чизеро нафрат кунад. Ҷовид бинад, ки баъзан манаҳ ва баъзан лабу абрўи ў ҷунбанд. Ў дар дил чиҳое гўяд, вале исрор накунад: касе нафаҳмад, ки ў чӣ гўяд.
Ҷовид ҳар боре дарзаро рўи бандина гузоштанӣ шавад, як-як ба одамон нигарад. Ягон кас чизе нагўяд, гўё гап зананд, монда мешуда бошанд ва ё ҳама гапашонро гуфтаю шунидаанду акнун дамзанон кардаанд.
— Холаи Саврӣ? Чаро ҳама дам?
— Надонам, – лабонашро каме дўр карда, дасти чапро пушт майл дода ва неши досро баробари ҳаракати лабу даст ба осмон рост карда гуфт Саврӣ. Ва диққат дод, ки ҷуз садои пояҳои гандум ва соида шудани хўшаҳо садои дигаре ба гўш нарасад. Ба назари Ҷовид, ҳама бо як нафас пуфакеро дам андохта истодаанд ва ҳамин замон аз дами зиёд пуфак дошт надода торс кафад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан