Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 437 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 437 аз 470 · 3 ноябри 2026

Хубаш, пои дарозкардаашро накашад.
Канӣ, гирди кунда гаштан гирад, оқибаташ чӣ шавад? Ё кунда кафад ё тир!
Шайдо тири ҷувози якумро канд, дуюмро бо ёрии Ҷовид канд, вале ба сеюмаш зўраш нарасид. Пеш аз тирро ба сари китфи рост монда, бардошта, ба сақфи ҷувозхона тир кардан дилаш таҳ зад, баъд, вақте ки тирро харпанҷа карда, зўр зад, ки барканад, пойҳояш ларзиданд, дар дилаш ҳам як дардро ҳис кард. Сару баданашро арақ фаро гирифт. Ў оҳиста худро қафо кашида тирро уреб гузошт ва ба дори сақф нигарист, ки тирро чӣ зайл дорад.
— Ҷовид, ҳўў Ҷовид! – базўр ба гўши писарак расид ин овоз.
Ў тохта даромад ва дар ҳавои тираи ҷувозхона пай бурд, ки дар рўи падараш ранг намондааст.
— Ҳа?! – ба маънои «ба шумо чӣ шуд» садо баровард Ҷовид.
— Тирро канда наметавонам.
Ҷовиди шонздаҳсола чӣ кор карданро надониста, «ман ёрӣ медиҳам» гуфтагӣ барин ба суфаи рўи кунда баромад ва пойҳояшро ба ду канор кушод гузошта, бо мадади падар тири уребро ба сақфи баланди ҷувозхона рост кард. Баъд болотар аз дасти падар рў ба рў истода, тирро оғўш карда, харпанҷа андохт ва нигарон шуд, ки падар садо барораду баробар зўр зада тирро кананд:
— Як, ду, се! – паст-паст садо баровард Шайдо ва ҳарду ба як маром зўр заданд. Тир бардошта нашуд. – Як, ду, се! – боз нашуд. Шайдо зўр надошт. Ҷовид пойҳояшро ба рўи кунда тиргак гузошта зўр занад ҳам, бе зўри падар ҳеҷ канда нашуд. Шайдо бо остини куртаи хокиранги аскариаш арақи пешонӣ пок карда баъд оҳи пурдард кашид. Оҳи ў ба гўши Ҷовид сахт расид. Дар дили ў хорӣ овард. Мадораш рафт ва харпанҷаро кушода, қомат рост кард. Сипас худро ба нодонӣ зада, ҳалқаи дорро, ки вазни тирро бардошта меистод, молидан гирифт. Худ ба худ ба хулосае омад, ки дар кандани тири дуввум зўр зўри падараш будааст.
Шайдо охирин қувваашро ҷамъ карда тирро аз як паҳлў ба паҳлўи дигар такон дода, кунҷораро ковок кардан хост. Вале тир бо кунҷора баромад. Ба назараш сари кунҷора мисли мискулоҳи душман, ки ба даруни хандак рўболо афтида бошад, ба ҷунбиш омад. Ва баъди ин ба кунҷора нигоҳ карда наметавонистагӣ шуд.
Ў як лаби кунҷораро, ки каме ковок шуда буд, бо нўки тези мисрон зада, шикаста гирифт ва ними дигарро ковок карда, ба писар фармуд, то аспро кушода бурда ба саис супорад.
Баъди рафтани писар Шайдо дари ҷувозхонаро қуфл зад...
Шайдо ду-се рўз дардро ба гардан нагирифта бошад ҳам, оқибат бистарӣ шуд ва дуру дароз хоб рафт. Пўсту устухон гашт.
Вале ҷуз худаш дарди ўро касе намедонист. Сиёҳ шудани пардаи шуши ўро дар госпитал муайян карда, ноилоҷ ўро ҷавоб доданд, ки шояд дар зодгоҳаш баҳри дилаш кушояду саломат шуда равад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан