Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 436 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 436 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Не, вай кор намекунад...
— Аз давраи азои Оимхон маро буз кашида бароварданат аз ёдат рафт? Худи пагоҳ ҳар ду ба кор бароед, агар не, кўчатро бардор!
— Ман омада нестам, ки кўчамро бардорам...
— Омада набошӣ ҳам, меравӣ! Дар ин деҳа набояд касе бекор монад... Чӣ, фақат занҳое ба кор бароянд, ки шавҳар ба ҷанг фиристодаанд? – сахт гўяд Холбибӣ.
— Ман намедонам!
— Надонӣ, бидон, ки пагоҳ бояд ҳамроҳи занат ба кор бароӣ, вассалом! – пушт гардонда рафт Холбибӣ.
Абдул рўзи дигар ҳам ба кори колхоз набаромад. Холбибӣ боз сабр кард, ки шояд рўзи дигар барояд ва баъд аз интизорӣ бригадирро гирифта ба хонааш рафт. Абдул ҷанҷол бардошт. Холбибӣ аз гиребонаш гирифта ба кўча баровард. Одамон ҷамъ шуданд.
— Чӣ, магар ў ҳам гуреза шудааст? – садо омад аз байни издиҳом.
Абдул як назар Шайдоро дид ва гумон кард, ки ин гапи ўст.
Вале раиси ҷамоат ба каси дигар нигоҳ карда ҷавоб дод.
— Ин гурезаи ду олам – ҳам фронту ҳам ақибгоҳ.
Абдул якбора такон дода худро аз дасти Холбибӣ раҳо кардан хост.
— Туро радди маърака эълон мекунам, баъд ҷазоятро халқ диҳад, – гуфт Холбибӣ.
Абдул як ба чашми Холбибӣ нигарист ва тамоми дўғу пўписае, ки вақти раиси ҷамоат буданаш ба мардум мезад, ба ёдаш омада ҷуссааш ларзид, китфонаш бардошта шуданд, пуршаст худро аз дасти ў раҳо кард ва ба атроф нигарист. Ва худро дар иҳотаи мардум ҳамчу мурғи ба об афтида дид. Ногаҳ чизе ба хотираш зада, сўи Холбибӣ хитоб кард:
— Ман ба падарам кор накарда ба ту кор кунам?!
— Ба ман кор накун, барои худат кор кун. Гуфти Шайдо: кӣ туро раиси ҷамоат таъин карда буд?
Абдул дамбадарун роҳи хонаашро пеш гирифт...


То дарав вақти зиёд буд. Шайдо писарашро ҳамроҳ ҷувозкашӣ бурд. Ў аҳд карда буд, ки дигар ҷувоз накашад. Мадори гирди кунда гаштан ва тири ҷувоз кандан надорад, вале аз хоб хеста худро каме бардам ва сабукрўҳ дид, сипас аз аҳдаш гашта, назди касе нарафт: зеро хоҳиши раисро рад кардан нахост. Ба назди ў рафта «ҷувозатро гир, дар заҳи ҷувозхона бемадортар шудам»
нагўяд. Ба назди оқсақоли нав ҳам наравад. Ў – занак, баъд Абдул димоғашро сўзонда, рафту ягон гапи беҷо гуфта монад, як умр аз дили Шайдо наравад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан