Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 435 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 435 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Агар одам ситораи худро шиносад, мемурад?
— Чӣ-ба имшаб ин қадар сергап шудӣ? – ба ҷои ҷавоб тез шуда гуфт Соро.
Ҷовид ба саволи модар ҷавоб нагуфта якпаҳлў гашт ва боз ба ситораҳо рў овард: «Ана ҳу ваяш ситораи ман. Ҳамун равшанаш, инаш, калонаш... Не, нашинохтам... Ана ин пурҷилояш... боз нашинохтам. Ситораи ман ин ҷо набудааст.. Ана, ҳў-ў вай ситораи дури танҳо – ситораи Саврӣ: танҳо як худаш, ҳатто намеҷунбад, намехандад, ба худ гирифтор, хафа. Аниқ, ситораи Саврӣ буданаш аниқ...»
— Ҷовид!
— Ҷовид!
Ҷовид гўё нашунид, ҷавоб надод. Ў чашмони худро ба ҳар навъе ки хоҳад, хурду калон, тангу кушод карда, ситораҳоро ба ҳазор ранг дидан хоҳад...
Баъди фурсатҳо, даруни чашми ў пур аз ситора ва симои зебои Саврӣ, хобаш бурд.

14

Онҳое, ки аз Абдул некӣ дида бошанд, гўянд, ки «оқсақол»
ҳайф шуд ва онҳое, ки аз ў бадӣ дида бошанд, гўянд, ки дар ҳаққи ў кам аст. Вале касе нафаҳмад, ки Абдул аз чӣ рў ба писараш Мўсохон монанд нудааст? Чашм ба чашм шаванду «ота, чумчуқ!»
гуфта баробар завқ кунанд. Ва баъзан хумори чизе гирифта Абдул бархоста баромада равад. Рост рафта дари идораро кушояд, ки Холбибӣ шиштааст, оҳиста дарро пўшида баргардад. Баъд ба паноҳгоҳе рафта сўгворӣ кунад, вале сабаби гиряву хароб шудани ўро касе нафаҳмад. Рухсораҳои тарангу сурхи ў заъфаронӣ шуда, пўсти гарданаш мисли пўсти гардани фили пир пурчин тобад.
Риши аввалааш нест. Пири деҳа бобои Мушфиқ ин ҳамаро аз танпарварии ў донад. Вале Холбибӣ (ба қавли баъзе касон) ба ин чизҳо кор надорад. Дар вақташ кард, акнун бояд кашад, гуфта ўро ба кори колхоз даъват кард. Вале ў гардан кашид. «Магар ту надонӣ, ки ман ту барин мардҳоро хўрда, қай мекунам? Шўхиатро бо ман накун!» гуфта байни мардум кашола кард. Абдул ноилоҷ монд. Зеро ў аз ин зан тарсад.
— Ў, писари Мўсодароз! – хитоб кард Холбибӣ аз паси ў, вале Абдул ношунида ангошта, нигоҳ накарда рафт. – Ў, ба ту гўям, худата ба карӣ назан! Пагоҳ занатро гирифта ба кор баро!
— Чӣ-чӣ?! – якбора бозистода пурсид Абдул.
— Занатро гирифта ба кор баро! – овозашро баландтар кард ў.
— Худам бароям ҳам, ҷон гўй! Зани ман ту барин...
— Чӣ, зани ту сарнуқраи пойтиллост?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан