Мардуме, ки дар ин ҷо кор мекунанд, ҳарбу зарби майдони ҷангро надидаанд, вале худашон он қадар меҳнат мекунанд, ки ғалабаи Ҷанги Ватанӣ ба кору меҳнати онҳо вобаста бошад. Кори онҳо вақт ва соати муайян надорад.
13
Зери айвон ҷогаҳ густариданд. Ҷогаҳи Ҷовид аз ҷогаҳи падару модар ягон се-чор ваҷаб дуртар буд, Баччаи калон, дуртар хоб равад, беҳтар. Модараш ҷогаҳи ўро ҳарчи шафаттар андохтан хоҳад, вале ў шарм карда, аз лаби пўстаки чаппагардонда дошта, дуртар кашад. «Ситораҳоро бинам» гўяд. Ва ҳаққо, ки ў он хел баччае нест, ки баробари ба ҷогаҳ даромадан хобаш барад. Тамоми ситораҳои гўшаи осмонро, ки аз боми айвон берун мондаанд, як-як мешуморад, баъд ки ба назари худаш, ситораҳо тамом шуданд, аз байни онҳо, аз қаъри пардаи тирафоми осмон кадом ситорачаеро пайдо кунад, ки яке намояду гум шавад, намояду гум шавад. Ҳоло дилаш танг шуд, ки бо китфаш лўларо тела дода ба марзаи айвон наздиктар бурд, то осмонро кушодтар ва ситораҳоро зиёдтар бинад. Баъд аз ин кораш хиҷолат кашида, дам ба дарун дошта, гўш дод, ки падару модараш хоб рафтаанд ва ё чӣ кор кардани ўро тамошо доранд. Баргашта ба онҳо нигарист. Равшании ситораҳо чашми ўро бурда буданд, ки рўи онҳоро ба зудӣ надид.
— Оча? –бедор ё хоб будани онҳоро донистанӣ шуд.
— Ҳа!
— Дар осмон чанд ситора бошад?
— Чӣ қадаре, ки дар рўи замин одам ҳаст.
— Одамон мемуранд-ку?
— Ситораҳояшон ҳам мемуранд, ҳў канда шуда аз осмон меафтад-ку!
— Ана ун ситораҳои калон-калон, ситораи Шом, Корвонкуш, ситораи Субҳ ҳеҷ гоҳ канда намешавад?
— Не.
— Соҳибони онҳо намемуранд?
— Не. Онҳо ситораҳои бузургон.
— Ситораи аз ҳама калон ситораи кӣ?
— Хап хоб рав, писарам! Одам шаккок намешавад.
Ҷовид рўй тофта андаке ором истод, вале хуни тез ба ҳаракат омадааш ўро ором нагузошт.
— Додо!
— Ҳа!
— Дар ҷанг ҳам ситораҳо бисёр мепарранд?
— Дар он ҷо фурсати ба ситораҳо нигоҳ кардан нест, писарам.





