Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 433 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 433 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҷавонзан ба пирамард, ки ҳоло ҳам якпаҳлў зада мехобид, нигарист.
— Ташна намондӣ, Ҷовид?
— Мондам.
Пирамард сар бардошта ба онҳо нигарист ва «Писарам, ҳў дар таги яктаки ман об ҳаст» гуфта паҳлўи буттаро ишора кард.
Ҷовид ба занак нигарист, ки рафта биёрад, ё не. Саврӣ ба ў ишора кард, ки барои об равад ва Ҷовид аз ҳеҷ чиз нахўрдани пирамард хафа будагӣ барин «Бобо, ҳамроҳи мо нон намехўред, мо ҳам аз обатон намехўрем» гуфт. Пирамард ноилоҷ бархеста, аз зери яктак кўза ва аз қабати он зағораи курмак бароварда рўи фўта гузошт ва гўё, ки дар ин солҳо танҳо ў зағора мехўрда бошад, чунин изҳор кард:
— Ду сол боз баҳор вазнин меояд. Дар ин вақт хаммаҳо холӣ мешаванд... Лекин мегузарад. Ҷангро тамом кунем...
Пирамард боз чизе гуфтанӣ буд, вале суханаш дар даҳонаш монд: чанд нафар зан дастархон бардошта назди Саврӣ омаданд.
Боз омаданд. Мўйсафедон омаданд. Давра калон шуд. Бобои Ниёз даст пеш ёзонда ба дастархон ишорат кард, ки нон гиранд. Ҳама хомўш буданд, як-як ба Саврӣ чашм дўхта, мегирифтанд. Вале чизе намегуфтанд. Ҷовид нигоҳи ҳамаро мушоҳида мекард, ки кадомӣ ба Саврӣ чӣ зайл менигарад. Нигоҳи ў баробари нигоҳи дигарон ба сўи Саврӣ рафта меомад.
Чошт тамом шуда бархеста бошанд ҳам, то каланд ба кор задан Ҷовид аз Саврӣ чашм намеканд. Ў фикр кунад, ки занак акнун чӣ мекарда бошад? «Рафту шавҳараш дер ояд? Рафту омадани шавҳарашро интизор нашуда, ба ягон кас расад? Баъд фиреб хўрад... Чанд вақт гузашта шавҳараш ояд, бе по, бе даст, маҷрўҳ шуда... Он гоҳ?...»
— Холаи Саврӣ?
— Ҳа.
— Акнун чӣ кор мекунед? – ба андешаҳояш ҷавоб гирифтанӣ шуда пурсид Ҷовид.
— Кор, ҷони хола, кор. Мардум чӣ коре кунанд, мо ҳам...
Ҷовид хаёл дорад, ки Саврӣ ба кӣ ва ба кадоме аз занҳои шиноси ў монанд бошад? Вале наёбад. Дар чеҳрааш чизе ҳаст, ки ба Соро монанд, вале Ҷовид намедонад, ки чӣ монандиест. Дурусташ, Саврӣ ба ягон кас монанд не, ин хел занакро Ҷовид надидааст, фақат дар афсонаҳо шунидааст... Баҳодурон ва шоҳзодагон барои ин гуна занон сар бохтаанд. Вале чаро барои Саврӣ касе ин корро накунад? Савриро шавҳараш намемонд, ки кор кунад. Ҳама корро худам мекунам, мегуфт. Рашк мекард, ки рўи ўро касе набинад. Намехост, ки чашми бегона ба баёзи гардан ва холи сиёҳи аз нармии гўши чап як ангушт поёни ў афтад. Ҳоло ў куҷо донад, ки занаш баробари мардон ҷўй меканад, кори саҳро мекунад, бори рўзгор мекашад ва хизматаш аз хизмати ҳар саллоти майдони ҷанг кам нест.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан