Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 432 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 432 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман туро хонаамон барам-чӣ?
— Не... Кас дар детдом хонад, одами зўр мешудааст.
— Ин гапро ба ту кӣ гуфт?
— Ҳама мегўянд.
— Ниятат қатъӣ?
— Ҳа.
— Хайр, барои писари хуб буданат меравам, вагарна ҳама донанд, ки идораи ҷамоат аз соати шаши пагоҳ то нўҳа кор мекунад.
Гўё писарак ҳамаро лаҳзае дам дод ва онҳоро ба андеша андохта рафт.
Пирамард ба кафи дастонаш туф карда ба ҳам соид ва баъд дастаи каландро дошта ва ҳамчунон қоматаш дол каланд зад.
Ҳама баробар каланд мезаданд. Ҷовид озмуд кард, ки дар як каланди пирамард ду каланд мезанад, вале чӣ хел, ки пирамард хокро зиёд партояд: кори ў баччагона, ҳавои корро надонад, зўри беҳудааш бисёр...
Ба нонхўрак баромаданд. Рўи сабзаҳои канори ҷўй нишастанд. Пирамард дар ҷои кандааш якпаҳлў зада, такя бар девори ҷўй дод. Аз афти кор, ў чизи хўрданӣ надошт, ки рўй аз офтоб гардонда, китфи чап дар чашми он дошта буд. Ҷовид ин ҳолати ўро дида ба Саврӣ нигарист. Саврӣ саргираки ба сари ҷўй гузаштаашро гирифта, аз остини он як порча нон баровард. Ҷовид низ миёнбандашро кушода ним зағораро паҳлўи он гузошт ва пирамардро ҷеғ зад:
— Бобо, оо бобо! Биёед, нон хўред!
— Дилам намекашад, баччем! – андаке сар бардошта ҷавоб дод пирамард.
— Бечора, монда шудааст, – изҳори дилсўзӣ кард Саврӣ.
Саврию Ҷовид низ рўи сабза нишастанд. Ҷовид ба дашти фарох, ки лолахасакҳо пўшонда буданд, зеҳн монда, завқ бурд. Ва беихтиёр ба осмон нигарист. Осмон ба назараш он қадар дур наметобад. Ба қуллаи қаторкўҳ бароӣ, мисле ки сақфи хона бошад, онро дастмол бикунӣ. Офтоб ҳам наздик ва равшану гарм.
Дар наздику дур сабзаҳо аз насими сабуксайр мурғак мераванд.
Ва ҳамин ки онҳо ба як тараф майл оварданд, рангашон аз ранги сабзаҳои наздик фарқ мекунад. Онҳо офтобро акс гардонданӣ шуда бештар ба ранги оина монанд мешаванд. Саврӣ ҳам ҳамин манзараҳоро дид ва имрўз ба назараш он қадар табиат зебо ва хуш намуд, ки дили ноумедгаштаи ў андаке гарм шуд.
Ҷовид як назар дид, ки дар кунҷи лаби Саврӣ хаёле табассум пайдо шуд. Ва ў нонхоиашро боздошт, то табассуми зебои лабони ўро нашиканад. Саврӣ зеҳн монда ба ў нигаристани Ҷовидро чандон пайхас нарафт. Ҷовид ҳам ҳамин ки занак ба сўяш рў тофтанӣ шуд, чашм ба дастархон дўхта нон хоидан гирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан