Холбибӣ аз як сар назорат карда мерафт, сар-сари ҷўй мерафт. Мўзаҳои сиёҳи ў, ки банди пои фарбеҳашро таранг медошт, рўи хоки нав аз ҷўй канда берун партофта садо намекарданд. Бригадирҳо низ кор мекарданд. Наврўзи якдаста ҳамаро дар ҳайрат мегузошт: аз ягон кор қафо намемонд.
Холбибӣ бо ў хеле гапзанон кард ва баъд назди бобои Ниёз ва Саврию Ҷовид, ки дар канортар буданд, рафта, ҳолпурсӣ кард, «ҳай-боракалло» гуфт ва гузашта сўи Боғи Гарон, ки боғоташ ва заминаш ба чаҳор бригада тақсим шуда буд, уреб шуд. Ў нақшаи кори рўзи ояндаро мекашад.
Ҷовид дергоҳ аз паси ў нигарист ва бо ҳама занҳое, ки мешинохт, Холбибиро муқоиса кард. Афти ўро, кори ўро, рафтори ўро, баъд дар дилаш «мард барин» гуфт. Фақат ҳайрониаш ҳамин, ки чаро ин занак ишқор зада, мисли Чинӣ-ҷўгӣ дандонҳояшро сипсиёҳ кардааст. Вале ҳайронии дигарон дар ин, ки чаро Холбибӣ бел ё каланди ягон касро гирифта кор накарда, гузашта рафт.Ў чунин одат надошт. Шояд аз бозгашт ин корро кунад?
Сабаби Боғи Гаронро давр зада омадани Холбибиро касе надонист. Аз рўи гуфтаҳо Боғи Гарон, ки боғҳои одамон буд, баъди ба колхоз гузаштанаш «аз бобоямон мондагӣ» гўён дарахтонашро решаков карда мебурданд. Холбибӣ ҳамин чизро донистанӣ шуда хапу дам ҳамон тараф рафта омад ва рост назди Наврўз рафта каланди дасти ўро гирифт:
— Ман худам, оқсақол, – гуфт Наврўз ва ранги рўяш канд, ки гўё гуноҳе карда ба даст афтида бошад.
— Ҳеҷ гап не, як дам шин. Каланди бобои Ниёзро мегирифтамуу... – Холбибӣ «у»-ро кашол талаффуз кард, тахмин ҳамон вақт андеша дошт, ки ягон гапи беҷо гуфта Наврўзро хафа накунад. Ба ҷои ин мардона каланд ба осмон бардошта, ҷўйро лабшон кард ва белдорҳоро фармуд, то чиму хокро тез-тез берун партоянд.
— Ассалом! – садои кўдаконае омад. Ҳама ба саломи ў алейк гирифтанд ва диданд, ки писараки резапайкари пойлуч рост ба Холбибӣ нигоҳ карда истод. Холбибӣ низ ин ҳолро дид ва каландро даруни ҷўй монда назди ў рафт: «Гап дорӣ?» пурсид Холбибӣ.
— Ҳа, – сар ҷунбонд писарак.
— Чӣ гап?
— Справка лозим.
— Чӣ хел справка?
— Справка, ки ман писари Нарзулло. Падарам ҷанг рафтагӣ, дигар... – чизе гулўи писаракро гирифт ва ў суханашро гуфта натавонист.
— Справкаро куҷо мебарӣ?
— Детдом.
Холбибӣ сукут карда монд ва баъди хеле вақт боз пурсид.





