Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 430 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 430 аз 470 · 3 ноябри 2026

Соро, ки як пора зағораро дар остини саргирак андохта тори сар ниҳода буд, барои ду кас кам гуфта, аз хона як пораи дигар гирифт.
Нозиму Ҷовид се рўз ба ҷои Саврӣ ба побел рафтанд. Баъд худи Саврӣ беҳӣ ёфта ба побел баромад.
Дар ин миён дар колхоз навиҳо шуд. Шайдо гумон надошт, ки ба ин зудӣ Абдулро аз кор мегиранд. Абдулро гирифта ба ҷояш Холбибиро раиси ҷамоат таъйин карданд. Холбибӣ занакест, ки нахўрад. Баланд-баланд гўяд: чунон баланд, ки дар як тарафи деҳа бо касе манша кунад, дар канори дигари деҳа овози ўро шунаванд.
Ўро фарқ надорад, ки зан ё мард, ҳар касе бошад, гапашро гўяд.
Якбора се писараш ба ҷанг рафтааст... Раис Нусрат ҳам одамашро ёфта ба ҳукумати ноҳия тавсия кард. Замоне, ки Нусрат директори мактаб буд, Холбибӣ ба талабаҳо алифбо меомўхт. Баъдтар аз мактаб баромад. Ба колхоз гузашт, қатори мўйсафедон дастаи омочро байни синаҳои дўлаш (ба қавли мардум) дошта, ҷуфт ронд, баробари хурду калон дарав кард, бригадир шуд ва ниҳоят деҳхудо. Акнун бо овози баландаш деҳоти чанд вақт ба хоб рафтаро бедор мекунад. «Зан ҳамин қадар шавад, бало бошад, ҳамин қадар будагист. Табиат хато карда Холбибиро зан офаридааст, агар мард меофарид, як мамлакатро сарварӣ мекард». Халқ – бало. Ҳама чизро зуд фарқ карда тавонад. Холбибӣ дар як гузар, ки бригадаи сеюмро ташкил мекард, сардор буд, акнун ба як ҷамоаи калон
– раис. Қанд зану ба гапи ў гўш накун. Ҳама итоаташ кунанд:
бисёриҳо аз ҳурмат, баъзе гарданкашҳо аз тарс. Ҳадди касе нест, ки гапи Холбибиро ду кунад. Ҳама ўро шиносанд ва иҷиқу биҷиқи хурду калонро ў хуб донад. Аз бало – як газ боло. Фақат маълум нест, ки Абдул дар ин хусус чӣ фикр дорад? Холбибӣ ҳоло ҷим, ба ў кордор нест, лекин ў занаки ҳамту мемондагӣ не. Вай оҳистаоҳиста ҳама корро идора мекунад. Чуноне ки овозаи бригадаашро дар колхозу район баровард, ҷамоаю колхозро чунин карданист.
Холбибӣ дид, ки кор ба «ҳой-ҳой!» намешавад, як позаи плуги шикастаро ёфта, оварда дар пеши айвони чойхона овехт. Акнун ба воситаи он мардумро ба кор даъват кунад. Саҳари баланд як сангро гирифта се бор ба поза занад ва мардум садои занги ўро шунида ба роҳ бароянд. Дирўз эълон шуда буд, ки мардум имрўз барои кандан ва тоза кардани ҷўи Боғи Гарон мераванд.
Мардум – пирамардон, занону кўдакони аз дасташон корой назди чойхонаро гузашта ба саҳро мерафтанд. Холбибӣ миёни кўча истода, ҳар нафарро салому алейк карда, ба кор мегуселонд.
Як сари қадам ба идора даромад ва Нусрат-раисро диду бо ҳамин вазифаи идоравиаш тамом шуда ба сари кор рафт. Мардум қадди ҷўй мисли симчўбҳои телефон, ки аз фронт гап оварда ва аз ақибгоҳ ба фронт хабари некиҳои мардумро мебурда бошанд, қатор кашида буданд, вале онҳо мисли симчўбҳо наистода, хаму рост шуда каланд мезаданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан