Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 429 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 429 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба ҷанг фирист, ҷарима андоз, ана баъд мефаҳмад.. Ин чӣ гап? Канӣ ман рафта ба аёлу фарзанди ў ягон чиз гўям, ҳамту мемонад? Ҳ-еее!» – аламаш тозатар мешуд. Аз зина фуромад. Гўӣ танҳо омада бошад, ба ҳамроҳон чизе нагуфта сўи дашт нишеб шуд. Дигарон ҳам аз паи ў нишеб шуданд. Раисашон ҳам баромад.
Раис – Нусрат ўро гусел кард...
Шайдо ҳамроҳи чанд нафар мардони кўҳансол дар кўча истод, ба гапу муҳокимаҳои онҳо гўш дода, шарик нашуда истод. Як нияти назди раис даромадан кард, аммо дар чунин лаҳза муносиб надида ба Ҷовид ишора кард, ки ба ҷувозхона не, балки ба хона равад. Худ низ аз паси писар оҳиста-оҳиста қадам зада рафтан гирифт. «Боз Абдул аз ман надонад?» аз содагӣ чунин фикр кард ў ва ғамӣ гашт...

12

«— Ҷовид-у, Ҷовид!» аз беруни дарвоза садои зане баромад.
Соро бели оҳан дар даст аз оғил баромада ба садо гўш дод: «Ҷовид-у, Ҷовид!».
— Ҳуу! – ҷавоб гардонд Соро ва сўи дарвоза рафт. Занаки аз дарвоза сар даровардаро дида, – Биё, очаи Нозим, биё! – гуфта ба дарун хонд. – Сиҳат саломат?.. Аз акаи Аюб ягон хабар нест?
— Хабар нест, апаҷон... Ба кор?
— Ҳа, побел будааст, – белро каме бардошта гуфт Соро.
— Ман ҳам бояд равам, локин наметавонам... – гапаш дар гулўяш монд ва баъди чашм ба чашм шуда ҳасратолуд ба ҳамдигар нигаристанашон Саврӣ муддаояшро гуфт: – Апаи Соро, агар Ҷовид бекор бошад, ҳамроҳи Нозими мо ба кор мерафт...
— Намедонам, додош ҳам нотоб, ба ҷои он кас ҷувоз мегардонад...
Шайдо, ки аз мақсад огоҳ шуда буд, Ҷовидро ҷеғ зада пурсид:
— Амаки Аюбат дар миёндаштӣ аз ту ягон хоҳиш карда буд?
— Ҳа, – сар ҷунбонд Ҷовид.
— Ин хел бошад, ҳамроҳи Нозим ба побел меравӣ.
— Шумо? – ноҷўрии аҳволи падарро дар назар дошта пурсид Ҷовид.
— Ман нағз, писарам, Нозимро гиру ҳамроҳи модарат рав.
Белро гир.
Модари Нозим дар таги дарвозахона аз Шайдо рўй пўшида меистод. Вақте ки розигии онҳоро гирифт, «Ман рафта гўям, Нозим барояд» гуфта аз дарвоза берун шуд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан