— Ҳамту? – гуфта чизеро паноҳ дошт ва боз ба гапаш давом дод: – Одамӣ, аз они худ гуфта, рўю риё кунад. Як деҳи калон ҷилави як касро кашида наметавонед. Маҷбур, ки дигарон ин корро кунанд.
— Кӣ? Чӣ? – масъаларо равшан карданӣ шуд Шайдо.
— Кӣ мешуд? Абдул.
— Барои ҳамон гандум?
— Не, гап дигар, – Шайдоро ба як тараф кашид ў. Шайдо пай бурд, ки дастони мардак меларзанд.
— Бобо! – раиси колхози «Байрақи сурх» аз дари идораи раиси колхози «Жданов», ки ҳар ду ба ҷамоаи А. дохил буданд, баромада ўро ҷеғ зад ва Шайдо таги гапро нафаҳмида, Бобо рафт. Шайдо то баромадани ў нигарон истод. Бригадир баромада халқро бархезонда сўи деҳаи Ҷари Сурх нишеб карданӣ шуд, вале халқ рамаи хуфта барин наҷунбид. Шайдо пай бурд, ки ягон масъалаи аз гандум ҳам муҳимтар рўй додааст. Ва боз фикр кард, ки дар ин шароити вазнини соли ҷанг аз гандум вазнинтар чӣ масъалае шуда тавонад. «Чӣ гап, додо?» сад бор нўги забон меовард Ҷовид, ки аз падар пурсад, лекин худдорӣ мекард. Ба рангу рўи падар нигарист, ки чаро барқсифат тағйир ёфт: одаме, ки он қадар ҷаҳли зиёд надорад, абрў гиреҳ кунад ва дандон сояд. «Оқибат фаҳмиданд, кӣ будани ўро донистанд» аз дил гузаронд Шайдо, аммо писар фикри ўро нафаҳмида, ҳайрон, ки чаро падар ин қадар асабӣ.
Шайдо боз баромадани Бобои аробакашро нигарон истод.
Аробакаш дер баромад. Ҳамроҳи раисашон чеҳракушода баромаданд. Раис чизеро фаромўш кардааст, ки боз даромад. Бобо назди халқ истода чизеро фаҳмонд. Шайдо ба ў наздик нашуд. Вале худи ў, арз доштагӣ барин, назди Шайдо омад. «Одам набудааст, ин ҷамоатат» гуфт ва Шайдо ҳайрон монд, ки чаро «ҷамоатат» гўяд.
«Падари ўро Абдукарим гўянд, – боз ба гап даромад ў, – мемонад, ки сум кашӣ...»
— Чӣ гап? – оқибат тоқат накард Шайдо.
— Дина деҳаи мо рафта будааст. Як арўсро дида пурсупос кардааст, шавҳарашро пурсидааст. Арўсак оқсақол будани ўро дониста «шўям дар ҷанг» гуфтааст. Баъд беимон ўро ба гап гирифта ваъдаҳо додааст, ки шавҳаратро аз ҷанг мегардонам. Арўсак омада ба падараш гўяд, ў хито гашта, деҳаро кўчонда овардааст.
— Абдул ҳам дар назди раис?
— Не... Абдукарим ҳамту намемонад. Ту мардуми моро медонӣ, як даҳан гап бас, олама чаппа кунанд.
Шайдо ҳеҷ чиз нафаҳмид: «гап дигар будагист...Барои ин гап оташ гирифтан... кӣ медонад...»
Абдукарим аз дар баромад, риши мошубиринҷи муғулӣ дошт.
Он қадар фарбеҳ не. Қоматаш рост. Ҳоло ҳам аз ҷаҳл нафаромада буд. Пилки чашмонаш аз ғазаб сурх шуда буданд. «Аз кор гирифтан ё нагирифтанат алами маро паст накунад: адабашро деҳ, адабашро...





