Шайдо даҳ рўз наҷунбида хобид... Ҳоло ҳам тири ҷувоз дар тирдони рўғанхонаи кундаи ҷувоз аст. Зўри Ҷовид нарасидааст, ки онро канад. Дар ин даҳ рўз Холбибӣ чанд бор ўро хабар гирифт ва ин занаки аз кору бор сиёҳгашта ҳамчун муҷассамаи некӣ пеши назари ў буд. Ва шояд барои ҳамин ў писарашро аввалин бор имтиҳон карданӣ шуд, ки одамшинос аст ё на:
— Ҷовид!
— Лаббай, додо!
— Ту медонӣ, ки одамон чӣ хел мешаванд?
— Медонам, додо: ганда ва нағз.
Шайдо аз ҷавоби писар қаноат накард, ки боз пурсид:
— Донӣ, ки бад чун шаваду нек чигуна?
— Донам, додо. Бад бадӣ бикунад, нек – некӣ.
— Ва донӣ, ки одами бад нағзӣ ҳам карда тавонад ва одами нағз – бадӣ?
— Не... Ба ғайри модарам касеро надидаам, ки дар набудани шумо ба ман нағзӣ карда бошад.
Шайдо имтиҳони баровардааш пушаймон шуд, ки боз хомўш монд. Дертар барои фикри писарро ба мардум дигар кардан афзуд:
— Писарам, дар зиндагӣ одамони бад каманд. Ҳамаи онҳое, ки касро ҷанг карда «ин корро накун, ин хел нашав, рост ист, рост шин, рост гард, рост гў, рост шунав, дуздӣ накун, беҳудагардӣ накун, роҳи зиндагиро ёд гир, аз калон пеш нагузар, ба калон пешхезӣ макун, гапи калонро нагардон, миёнарав нашав, рафиқатро нафурўш...» мегўянд, ганда нестанд ва ҳар касе, ки ноҷокории туро дида чашм пўшид ва ба ту сухани хуб гуфт, як пора қанд дода даҳонатро ширин кард, нағз нест. Ҳамин чизро мулоҳиза бикун, писарам...
— Магар дар бораи ман ягон гап шунидед?
— Не... Ту акнун калон шудаӣ, аз дастат кор меояд. Дар майдони ҷанг ту баринҳо партизанӣ мекунанд, – гуфта як нафаси дароз кашид ва боз гапашро давом дод: – Аз ман ба ту ҳамин монад, писарам...
Шайдо, ки ҳамроҳи писараш сўи ҷувозхона мерафт, дар назди идораи колхоз ин қадар одам ҷамъ омаданашро дида ҳайрон монд.
Аҷиб, ки мардони пиру миёнсол на: занҳое, ки чодару рўймол ба сар кашида чизеро интизоранд. Ба назар, аз ягон ҷо муҳоҷир омада, дар назди идора ҷою манзил ҷўянд. Вале Шайдо аробакаши парешонро дида ҳайрон монд, ки чаро мардуми Ҷари Сурх хонахез ба ин ҷо омадаанд.
— Чӣ гап, Бобо? – ба аробакаш салому алейк карда пурсид Шайдо.





