— Ба ман ягон кор доштӣ, Холбибӣ? – «Мурдаро монда, тутхўрӣ» пурсид Абдул.
— Не, садои мағали шуморо шунида даромадам, – бепарво ҷавоб дод Холбибӣ.
Дасту пои Абдул суст шуд. Холбибии зирак ин ҳолати ўро пай бурд ва ба ў рўй овард:
— Ана акнун ту ист, ман рафта одамонро ҷеғ занам, ки ин мардакро ба чӣ ҳол овардӣ.
— Холбибии ҷон, пеши пот мурам, ман ба ин даст нарасондаам,
– ўро боздоштанӣ шуд Абдул.
— Ин чӣ аҳвол? – ишора ба Шайдо кард Холбибӣ.
Шайдо нахост, ки маншаи онҳо давом кунад, дасти росташро аз рўи сина бардошта канда-канда гуфт:
— Монед, апаи Холбибӣ, ҷа... ҷазои инро ҳукумат.... давлат...
ди-диҳад. – Ва азми хестан кард. Холбибӣ аз зери бағали ў бардошт, зўраш нарасид. Абдул низ ёрӣ кард.
Шайдоро хезонданд, вале ў қадам монда натавонист. Дукаса аз зери бағалаш гирифта, аз дар берун бароварданд. Дар кўча касе набуд, ки ба онҳо ёрӣ диҳад. Ўро бар санги сари кўча нишонданд.
Холбибӣ ба Абдул чизе нагуфта ба роҳ нигарист, то ягон саворае ояд, улавашро гирифта, Шайдоро савор карда то хонааш барад.
— Бачча дар ҷувозхона танҳо, – оҳиста ба Холбибӣ гуфт Шайдо.
— Ана худаш меояд, – ба Ҷовиди тозон омадаистода ишора карда гуфт Холбибӣ ва ҳамин ки Ҷовид ба онҳо наздик шуд, ранги рўи падарашро дида, ба чӣ мақсад омаданашро ҳам фаромўш карда, ҳайрон гоҳ ба Холбибӣ менигарист ва гоҳ ба падараш. – Аз ун тарафаш гир, мебарем. – Аз зери бағали рости Шайдо бардошта гуфт Холбибӣ, вале қасдан ба Абдул чизе нагуфт.
— Пуштора гирам, додо? – мадори гаштан накардани падарро дида пурсид Ҷовид.
— «Не», – сар ҷунбонд падар.
— Зўрат мерасад? – аз ў пурсид Холбибӣ.
— Мерасад.
— Не-не! – рад кард Шайдо.
— Хайр, ҳамту секаса меравем, – кўдакро ба роҳ меандохтагӣ барин гуфт Холбибӣ.
— Апаи Холбибӣ, ман нағз, саллот аз пой афтад ҳам, дилғеҷ меравад, – каме бозистода гуфт Шайдо. – Ҳазор раҳмат, апаҷон, ташвиш накашед.
— Ту ба ман корат набошад, қадам зан! – қатъӣ гуфт Холбибӣ ва майли Шайдоро ба пеш тела додан кард ва истодаю қадам зада Шайдоро то хонааш бурд. То дар ҷогаҳ хобондани ў нигоҳ карда истод ва аз Соро ҳазор ташаккуру таманно шунида баргашт...





