— Гардад... шавад. Агар зўри ҳеҷ кас нарасад, худам туро аз миён бардорам. Бо ҳамин дастонам. Мебинӣ! – панҷаҳояшро чанг карда сўи ў майл овард Шайдо. – Мебинӣ?! Дар ақибгоҳ низ душман будааст, барои ҳамин ман гашта омадам, гургзода!
– Шайдо тамоман аз худ рафта буд. Ў пай набурд чӣ кор карданро. Дар сараш ҳамин хаёл буд, ки ба гулўи Абдул панҷа занад, хафа кунад, аз пой афканад ва берун рафта ба мардум бо овози баланд гўяд, ки...
— Мурданат гирифтааст, – гуфта Абдул каме худро қафо кашид ва аз рўи чаҳорпоя санги сиёҳи чормағзшиканиро гирифт, то баробари чанг андохтани Шайдо ба фарқи сараш фурорад.
Чашми Шайдо ба қайроқи дасти Абдул афтид ва ҳама кардаҳои ў пеши назар омад: рў ба рўяш як одами манфуру қаллобро дид ва суханони ба Соро гуфтаи ў дар гўшаш садо дод: «Ту розӣ бошӣ, шавҳаратро аз ҷанг ҷеғ зада меорам». Шайдо аз худ бурун рафта буд, худдорӣ карда намешуд. Курсиеро, ки навакак Абдул аз рўяш хеста буд, бардошт, вале ба фарқи сари ў зада натавонист:
курсӣ ва дасти болошудаи ў дар фазои хона, болои сари Абдул муаллақ монд. Баъд курсӣ аз дасти ў афтид ва дасти ў беихтиёр ба сари синаи чап рафта, дилашро доштанӣ шуд. Шайдо ҳис кард, ки тори мўй барин чизе андаруни дилаш канда шуд, мадори ўро суст кард ва барои ҳамин курсӣ аз дасташ афтид, вагарна сари Абдул солим намемонд.
Дари идора кушода шуд ва Абдул тарсида, қайроқи дасташро ба замини хона партофт. Баробари қайроқ Шайдо низ ба замин афтид.
— Ба ту чӣ шуд, Шайдо!? – Холбибӣ – бригадири участкаи сеюмро дами дар дида фарёд зад Абдул.
— Чӣ гап, оқсақол? – Холбибӣ низ ҳайрон монда пурсид ва мунтазири ҷавоб нашуда барои бардоштани Шайдо хам шуд. Ў дид, ки Шайдо дудаста дилашро сахт медорад. «Чӣ шуд, Шайдо?»
саволи оқсақолро такрор кард Холбибӣ.
Шайдо чашм кушода Холбибии овозадорро болои сараш дид ва ба аломати «ҳеҷ гап нашудааст» сар ҷунбонд. Вале Холбибӣ ба гапи ў бовар накард, дар пушти миз, пеши пои Абдул курсӣ ва қайроқи афтидаро дид ва чашми ғазаболудашро ба сару рўй ва чашмони оқсақол дўхт. Оқсақол аз нигоҳи ў ҳеҷ чиз нафаҳмид магар, ки «ҳеҷ гап не, ҳозир бардошта ба хонааш мебарем» гуфт ва озими аз берун ҷеғ задани ёваре шуд.
— Лозим не! – ўро боздошт Холбибӣ. – Ба худ ояд, худаш меравад.
Абдул аз ин гапи занак ҷон гирифт. Гумон кард, ки ў низ ба чунин ҳол афтидани ўро хоҳад: Шайдо азоб кашад ҳам парвое надорад.





