Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 424 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 424 аз 470 · 3 ноябри 2026

Равған гирифт ва боз аспро тозиёна зад. Ў ду-се гирди кунда гашт ва ба писар гуфт: «Ҷувозро гардондан гир, як берун баромада оям».
Шайдо аз ҳавои намноки ҷувозхона, ки рўзе чанд дақиқа чашми офтоб аз дар ба дарун нигоҳ мекунад, берун баромад. Дилаш ба танг омад. Бори нахуст пай бурд, ки шинел баданашро хўрад.
Гиребони шинелро ба сари китф ба тахтаи пушт тела дод ва мисли паҳлавонон сақфи сина боз карда рафтан гирифт. Аз пеш пайдо шудани касеро дида китф зада гиребони шинелро боло кард ва ҳамон лаҳза ҳис кард, ки мўяҳои он гарданашро озор диҳанд.
Гумонаш, ба гиребон ахгул рехтааст. Гардан пок кард, нашуд.
Дар лаби ҷўй даст тар карда гардан шуст, каме осуда шуд: аз нав ба хориш даромад, бетоқат шуд. Лаҳза ба лаҳза гарданак зада, гиребони шинелро ба қафо тела медод, вале ҳис накард, ки ахгул дар гиребонаш на, балки дар асабҳои ў пайдо шудаанд...
— Мумкин? – оқибат ба дари ҷамоат расида пурсид ў.
— Ҳа!
Шайдо ҳама гап ва ҳатто саломро фаромўш карда дар дами дар рост монд. Ҳайрон, ки чаро ин марди пурраро, ки рўзҳои аввал Шайдо бепарвотарин одами ҷаҳон дониста, ба сурхии рўи ў тааҷҷуб дошт, имрўз чунин лоғар мебинад: лунҷҳояш овезон, аз рўяш тарҳ мондаасту бас. Чашмони барҷастааш фурў рафтаанд.
Дар ришаш сафедӣ афтидааст. Ва ҳатто сурхии ришаш акси сурхии рўяш будааст, ки имрўз бўрранг тобад. Каллааш ҳам, ҷуссааш ҳам хурд шудаанд.
— Ба баччаҳои Аюб равған фирист, гуфта будам!
— Фиристодам, – ҷавоб дод Шайдо ва илова кард: – Саҳар як сари қадам даромадам, набудед.
— Гап буд?
— Гап ҳамин, ки ман дигар мадори гирди ҷувоз гаштан надорам...
— Ту чӣ хелин одамӣ? – шўрид Абдул. – Дар майдони ҷанг барои ту ҷой набошад, мувофиқи хоҳишат кор ёфта диҳам, маъқул нашавад, боз чӣ кор кунам? Ё барои таги пои мана кофтан аз ҷанг гурехта омадӣ?! – рост бархест ў.
— Чӣ?! – Шайдои гўё тамоман аз ин гапҳо бепарвою оромгашта мисли шири дег дамид. – Чӣ?! Чӣ гуфтӣ? Як бори дигар гўй!
Ман таги пои туя кофтам? Магар то ин вақт поятро мустаҳкам монда будӣ? Хато кардӣ, пойро ба замин ширеш кардан лозим не, балки онро устувортар мондан лозим, қозизода! Ҳар ҳукме, ки то ин вақт баровардед, бекор!
— Не, ҳоло не! То ту гум нашавӣ, бекор нагардад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан