Ҳеҷ завқе надошт. Тани тафсони Соро ва навозишҳои ў низ шавқу ҳаваси ўро бедор карда натавонист.
— Чӣ ин қадар хаёл мекунӣ, Шайдо? Аз ҳамин ҷо истода ҷангро яктарафа карданӣ ҳастӣ?
— Фикр намекунам, Соро. Худ аз худ ҳамин хел шавад. Ин порсол пайдо шуд. Як зайл дар бораи Ҷовид, дар бораи... (Ў ту гуфта натавонист) дар бораи шумо фикр мекардам, оқибат хаёлӣ шудам. Барои ҳамин баъзан ба хаёл рафта монам ва ягон гапро зуд сарфаҳм наравам, наранҷ.
— Ту маро фиреб мекунӣ, Шайдо, фикрат дигар аст.
Имрўз худи Шайдо хоҳиш кард, ки Ҷовид ҳамроҳаш равад.
Вай як сари қадам ба идораи раиси ҷамоат даромаданӣ шуд, вале ў набуд. Онҳо ҷувозхона рафтанд. Аввал ба саисхона даромада аспро оварданӣ шуданд. Саиси пирсол Мирзоҳасан аспро қашав ва хорумол мекард.
— Ин қадар барвақт? – баъди салому алейк пурсид пирамард.
– Ба ягон кас равған лозим шуд?
— Не, амак! Худам ҳам нафаҳмидам, – худро халос карданӣ шуда осон ҷавоб дод ў ва рафта ресмони сарафзори аспро аз сутун кушода берун овард. Аспро аз ҷўй об дод ва ҷувозхона дароварда ба гардани он кўчан андохта ба ҷувоз баст ва фармуд, ки ин пагоҳ ҷувозро Ҷовид гардонад.
— Чу! – аспро тозиёна зад ў ва асп пойҳояшро тир карда боркундаи вазнинро пеш кашид. Шайдо зеркундаи ба таги боркунда мондаашро аз пайраҳа бардошта ба бехи девори ҷувозхона такя гузошт ва аз паси писараш гаштан гирифт. Тир зағири лағжонро ба суфаи рўи кунда парешон карда буд. Тораҳои пахоли зағир намоён шуд. «Ҷамъ кун, писарам!» гуфт Шайдо. «Дастам намерасад», ҷавоб дод Ҷовид. «Остинатро боло кун, мерасад, ту калон-ку!» гуфта худ бо дасти чап, ки ҳаргиз рўи офтобро надида, қаҳраборанг метофт, зағирро ба зери тири гардон кашида, баъд дароз шуда аз лаби марза чойҷўшро гирифт ва ба зағир як панҷа об зада омехт.
Гўё оҳангсозе танҳо се ҳиҷои оҳангро ба нота гирифта, дигар вақт наёфтааст, ки навозанда ҳам нахоҳад, ки ин асари эҷодкорро такмил диҳад. Ба такрор навозаду навозад: «Ғӣ-ға-ғу, ғӣ-ға-ғу».
Зағир лабакӣ дод. Ҷовид мисли падараш лабакиҳоро шикаста зери тир гузошт, вале дар пеши тир фишор хўрда таровидани равғани сиёҳрангро намедид....
— Монда шудӣ, писарам? – по ба по печидани ўро пай бурда пурсид Шайдо.
— Не! – як қад парида ҷавоб дод писар ва ҳушёр гашта аспро тозиёна зад. Як бор ба тарафи падараш нигарист ва бардам-бардам қадам гузошт. Баъд хост суруд хонад. Чанд бор даҳон пур кард, вале оҳанги ҷувоз аз хаёли ў авлотар буд. Бо вуҷуди дарунӣ замзама карда, оҳиста-оҳиста баланд гирифта буд, ки падар аз сари марза фуромада, зеркундаро аз такяи девор гирифта ба рўи пайраҳа партофт ва чун боркунда бар он бархўрда каме ба пеш лағжонд, «дурр» гўён аспро боздошт...





