Гўё ин ҳама дар устухонҳои бадани ў ҷо шуда танашро ланҷ карда буданд.
Ў охирин бор аз Киев то Житомир рафта, худро сармо занонда, дар госпитал бистарӣ карданашро хаёле пеши назар овард. Боз дигарон: оқсақол, Аюб, оилаи ў ва бечораи модари Зариф хаёлашро парешон карданд. Вале ҳама чизҳои пеш аз устухон дидааш фаромўш шуданд, зуд фаромўш шуданд. Акнун дар бораи Соро ва Ҷовид фикр кунад. Одамони хуби дар фронт дидаро ёд оварад.
Раисро бо онҳо муқоиса бикунад... Хаёли ў дар хоби писараш даромад магар, ки паҳлў гашта дандон соидан гирифт. «Асабӣ шудааст, баччаи бечора», пичиррос зад ў ва ҳамин садои пасти ў тамоми шабаҳҳо ва устухонҳоро, ки мисли шабпаракҳои ранга сақфи хонаро тор метаниданд, аз назар дур кард. Шайдо низ паҳлў гашта ва андаке сар бардошта аз болои сари зан ба писар назар андохт. Ўро дида натавонист ва боз оҳиста сар ба болин гузошта ба андеша рафт: «Пагоҳ чӣ мешавад, пагоҳ?... Дигар аз пайи асп гашта натавонам, чӣ мешавад? Мардум ба умед, ки... Не, мадор шавад, боз ҷувозро гардон хоҳам кард, вагарна калидашро бурда медиҳам, то ҷувоз хоб наравад».
Дили Шайдо сахт фишор ёфт, ки боз рўболо шуд. Якбора мисли тифле, ки гириста-гириста, хап шуда, оқибат беихтиёр як нафаси кашишдор гирифта бошад, сари сина пур аз ҳаво карда, то зан бедор нашавад, нарм-нарм сар дод...
— Чаро хоб намекунӣ, Шайдо? – пурсид Соро.
— Ту чаро бедорӣ?
— Маро парешон кардӣ, Шайдо. Ин чӣ гап аст?
— Аюб маро аз хоб бедор кард.
— Ту ҳоло ҳам зану баччаҳои ўро фикр мекунӣ?..
— Не, Соро. Ман фикр мекунам, ки агар ман набошам...
— Шайдо?! – сар аз болин бардошт Соро.
— Не, ман гуфтанӣ, ки агар аз ҷанг барнамегаштам...
— Ту ягон гапро медонӣ, Шайдо!
Шайдо ба ин сухани занаш ҷавобе надода даст бурда, сару рўи ўро сила кард ва баъд тарафаш кашида ба банди дилаш гирифт.
Соро рўй ба рўи шавҳар монда, бароҳаттар хоб карданӣ шуд, вале ҳис кард, ки аз байни торҳои риши ў бўи равғани зағир меояд.
Бештар онро шамидан гирифт, чунон аз бехи гўши ў бўй кашид, ки гўё ҳаргиз серӣ надошта бошад: баъд даст ба гирди сари ў ҳалқа гардонда, сахт дошт. Чунон намуд, ки касе шавҳари гумкарда аз нав ёфтаи ўро рабуданист: аз ин рў ў сахт доштааст, то аз даст надиҳад. Соро рўй аз рўи шавҳар бардошта, қаъри чашмони ўро дарёфтан хост. Вале дар хонаи торик на танҳо қаъри чашмони ў, балки сару рўяшро ҳам дуруст надид. Соро бо лабонаш рўю пешонӣ ва гардани шавҳарро сила кард, торҳои мўйлаби ўро ҷудо карда як-як зери дандон гирифт. Шайдо гўё ҳамин чизро ҳам ҳис накард.





