Соро ҷим шуд. Оҳиста-оҳиста дастонаш суст шуданд. Чун дар хоб дастонаш дар миёни Шайдо бозмонданд.
Шайдо ҳам хомўш. Андеша дорад, вале Соро гумон кунад, ки аз гапи ў хафа шуд. Шайдо як нафаси дароз кашида пас аз хеле вақт ба гап даромад:
— Чаро одамон замонаро ганда кунанд, бад гўянд? Гапи рост гўӣ, ҳақро гўӣ, ганда шавӣ... Мо як полковник доштем, Соро.
Як зайл гапаш ҳамин буд, ки «ҷўраҳо, хиёнат дар сухан намешавад: худо гўед, ки дилу мафкураи одам вайрон набошад»... Инро фақат ба ту мегўям, Соро... Дилу ният, ки вайрон шуд, ҳоҷати гап нест. Ин дар ҳама бобат, Соро: хоҳ дар кор, хоҳ дар рўзгор.
Дилу ният эътибор, забон як лахт гўшт. Саҳл оташаш тезтар шавад, месўзад.
Ҷовид аз дарвоза ҳофизӣ карда даромад. Баробари лангари гашташ чоба алвонҷ хўрда «ғиҷ-ғиҷ» садо мебаровард. Соро хам шуда шинелро ба болои Шайдо кашид ва баҳузур шуд, ки боз ба ошхона даромад. Ва пой аз остона дарун монда ангушти ҳайрат газид: «Агар ў аз гушнагӣ бемадор шуда бошад, ман чӣ кор карда тавонам?» Вале ҳушу ёди Шайдо ба дигар тараф банд буд ва баробари расидани Ҷовид пурсид:
— Гирифт?
— Гирифт.
— Чӣ гуфт?
— Ба коса гардонду «очат нағз, додот нағз?» гуфта пурсид.
Шайдо гапро кашол надода, «Ҳа-а...» гуфт ва гўё ки имшаб барвақт хоб рафтанаш лозим бошад, сар ба болин гузошт...
11
Шайдо мурғфарёд аз хоб бедор шуд. Чашм кушод, ки хона
торик, моҳтоб пушти кўҳ гузаштааст, равшанӣ надорад. Хеле ба
тиреза нигарист, чизе нанамуд. Ба дари бози хонааш ҳам нигарист,
чизеро надид. Фақат бонги хурўсе ба гўш расид ва аз дурие хурўси
дигаре ҷавоб гардонд, ки аранге шунид. Ў майдони ҷангро пеши
назар овард. Аз сад аҷал халос хўрда амон монданаш аз лавҳи
хотир гузашт ва баданаш ларзид. Аз чунин ҳолат завҷааш бедор
шуда «Ҳу?» гуфт, вале Шайдо худро ба хоб андохт. Соро хотирҷамъ шуда боз хоб рафт. Шайдо боз чашм кушода, ба шифти хона
назар кард, ки шояд васса ва ё болореро бинад. Пеши назараш дар
фазои торики хона ҳалқачаҳои зарду сафед гузаштанд. Шабаҳҳо
зиёд буданд, аз тор меафтиданд, дар кодокҳо мечаспиданд, ба
ҳамдигар бархўрда нобуд мешуданд, ба ҳаво бадал мегаштанд. Ва
боз гўӣ ў ба касалии домана гирифтор шуда бошад, устухонҳои
зиёде, косахонаи сар, дандонҳои дароз-дароз ўро парешон мекарданд. Устухонҳо низ ордакӣ, сахт, зағора ва ковок буданд. Раиги шалғамӣ, хокистарӣ, қаҳрабоӣ ва ҷигарӣ доштанд.





