Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 420 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 420 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Хез, дар хона дам мегирӣ, – аз китфи рости ў бардошт Соро ва аз китфи чапаш Ҷовид гирифт.
Шайдо табассум карда хест. Соро пай бурд, ки табассумаш сохта... Ҷонбаромад... Шайдо ба хона надаромада, хоҳиш кард, ки Соро зери айвон шоле партояд, то ў дар ҳавои кушод дам гирад.
— Ту бояд хоб кунӣ, Шайдо.
— Баъд хоб меравам, Соро. Ҳаво дигар шуда истодааст, шояд борад. Аз ин рў баданам ланҷ. Тарбод барин... – зану фарзанд осуда карданӣ шуд Шайдо.
— Ҷовид, ҳо Ҷовид! – аз паси дарвоза касе фарёд кард.
— Ҳў-ў! – ҷавоб гардонд Ҷовид.
— Додотро гўй, рафта ҷувозхонаро мекушодаанд! – дарвозаро нимроғ карда гуфт баччае.
— Додом бетоб, рафта наметавонанд!
— Ман надонам, оқсақол гуфт! – бачча дарвозаро пўшида рафт.
Шайдо ба ҳамин аҳвол ҳам хеста рафтанӣ буд, вале занаш намонд. Баъд Шайдо калидро ба писараш дароз карда гуфт:
— Ма, бар канӣ, чӣ кор дорад.
Ҷовид калидро гирифта яктоз аз дарвоза баромад...
Бо шасте, ки рафта буд, баргашта омад.
— Чӣ гап, писарам? – ба ҷои шавҳараш пурсид ў.
1
— Оқсақол мегўяд, ки ба баччаҳои Аюб нимхўрд равған бурда деҳ.
— Бурдӣ? – каме сарашро боло карда пурсид Шайдо.
— Не.
— Ана ҳамин равғани чобаро бурда деҳ, – гуфт ў ва сарашро боз ба лўла гузошт.
— Ин дунёро нафаҳмидем, Шайдо, – пурдард гуфт Соро.
— Ин дунёро кӣ фаҳмидааст, ки мо фаҳмем?
— Охир, худаш повестка дода, додарашро ба ҷанг фиристоду акнун...
— Мон ин гапҳоро, Соро. Аюбро касе нафиристодааст, худаш рафт.
— Ту ин ҷо набудӣ, Шайдо, намедонӣ, қариб хунрезиҳо шуда буд.
— Ман аз ту ҳоҳиш карда будам, ки ба баду неки як кас кордор набош, надонистаю нафаҳмида ҳар гапро нагў!
— Ман гапи бад нагуфтаам, Шайдо. Фақат хостам, ки ту аз ин сирру савдо огоҳ бошӣ.
— Огоҳ набуданам хубтар...

  1. 500 гр.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан