— Аз аҳволи Нозим хабар гир, намон, ки касе ба ў расад, гуфта буд.
— Ягон бор хабар гирифтӣ?
— Не.
— Ма, ин чобаро гиру рафта бин, ки чӣ ҳол доранд. Чобаро холӣ карда биёр!
Шайдо аз дарвоза надаромада Ҷовид, гўё ки касе ўро таъқиб карда бошад, бо ҳалми сўхта расида омад.
— Холӣ карда омадӣ?
— Не... Оқсақол ҳамон ҷо будааст, надаромадам.
Шайдо як по даруни остона ва пои дигар берун бозистод. Баргашта ба писараш нигарист. Ба маънии савол нигарист, ки Абдул он ҷо чӣ кор мекунад. Вале фикри баччаро парешон накарда, гапро ба дигар тараф бурд:
— Хуб кардӣ, ки надаромадӣ, пагоҳ мебарӣ, – гуфт ў ва каллааш банди хаёл пои дигарашро ҳам даруни дарвоза гирифт. Аюб пеши назараш омад. Гуфтаҳои ў дар ҳаққи оқсақол ба хотираш расид. Ҷангҷол ва рўзи аскарӣ рафтани Аюб ҳам аз лавҳаи хотираш гузашт ва ду чашмаш ду Абдулро дид: Абдули бародар ва Абдули оқсақолро. Ў бори дигар гардан тофта ба Ҷовид нигарист, то пурсад, оқсақол дар куҷо буд ва чӣ кор мекард, вале ба ҷои ин аз даҳонаш гапи дигар баромад: – Хайрият, ки надаромадӣ...
Бинад, мегуфт, ки равғани колхозро медузданд.
«Он рўз мегуфт, ки ман акнун бояд ғами ду рўзгорро хўрам,
– сўҳбати пеш аз ҷувозкаш шуданашро ба хотир овард ў. – Гумони ман, ки ў ғами додарзодаҳоро хўрда чунин гўяд. Шояд... Пеш аз соли нав онҳоро хабаргирӣ омадагист. Аҳвол пурсидагист, камбудиашонро донистан хостагист. Наход, ки... Занаки бечора итоаткораш бошад?! Дил надорад? Ёди шавҳар, меҳри фарзанд намегўяд? Наход ҳама занҳои ҷанговарон помол шуда бошанд?...
Ҳумм... – Шайдо аз бемадорӣ қадам зада натавониста, рўи ғўлачўби чормағзи паҳлўи оғил нишаст ва боз банди хаёл шуд: – Пас сабаби ин қадар ҷонкоҳонию аз ҷанг боздоштани бародар чист?..
Барои даҳони халқро пўшидан? Назарфиребӣ? – Худ аз худ дили Шайдо беҷо шуд. Аз шинел ва аз баданаш бўи кунҷора меомад.
Ў то ин вақт чунин хел бўйҳоро чандон фарқ намекард: ё аз бўй дилбеҷо намешуд. Тугмаҳои шинелро кушод, аз тан кашид. Ба банди дилаш ҳавои тоза расид, вале ранги рўяш канд.
— Ба ту чӣ шуд, Шайдо? – аз ошхона баромада пурсид Соро.
Ҷовид дар паҳлўяш буд. – Чаро ин ҷо шишта мондӣ?
— Монда шудаам, ки дамам гашт.
— Гушна будагистӣ?
— Шояд... – кўтоҳ ҷавоб дод ў ва каме ҷунбид, ки қоматашро рост кунад. Дилаш сих зад. Аз нав фурў нишаст, чашмонашро ба дарвоза тофт.





