Як бори дигар Гирмон ба ҷанг мерафтам,
Хуни сараша чойник-ба дам мекардам.
...Ҷовид ба корҳои падараш бодиққат менигарист. Баъзан ҳайрон мемонд, ки чӣ хел зағири лағжон, ки дар каф дорӣ, шорида меравад, дар зери ин тир итоат карда, хамир гашта ва ин кадар сахт шуда равған ҷудо мекунад. Ин асп чӣ сеҳре дорад, ки ин қадар боркунда ва борсанги вазнинро бардошта рўзи дароз давр занад, вале монда нашавад. Падараш ҳам бо чунин пайкари лоғар, ки рўз то рўз логартар шавад, як тири дарозу вазнинро ба китф бардошта, муаллақ дорад ва кунҷораро аз сари тир ҷудо кунад, ба назари ў ҳамаи ин корҳо сирре дорад, вале ҳоло ў ин сирро нафаҳмидааст. Истода-истода гумон кунад, ки ин корҳо эъҷози нерўст, ин корҳоро марде анҷом дода тавонад, ки қувваи зиёде дорад: аз ин рў ў ангушт мушт карда, сахттар фишорад, то пурзўртар шавад.
Дари ҷувозхона торик шуд ва ҳамон лаҳза садое баромад:
— Салому алейкум, акои Шайдо!
— Ваалайкум ассалом! Биё, Мирзомурод! – ўро аз овозаш шинохта гуфт Шайдо. – Аҳволат чӣ тавр? Баччаҳо сиҳату саломат?
— Худоро шукр! – гуфт ў ва чамида назди оташдон гузашт.
– Барои кунҷора омадам, ако.
— Кунҷора кунҷораи колхоз, додарам.
— Медонам, ако, барои говҳои ҷуфтӣ.
— Иҷозат ҳаст?
— Ҳаст, ако!
— Ана, шумурда гир! – рахти каллаҳои кунҷораро, ки мисли сутун ба тани девор рост шуда буд, нишон дода гуфт ва пас аз фурсате боз ба гап даромад. – Худат медонӣ, ҳозир кунҷора ба ҷои нон.
— Медонам ако, медонам, – гуфта ў ду калла кунҷора бардошт ва аз дар берун баровард.
— Чанд калла мегирӣ, Мирзо?
— Сита! – ҷавоб дод ў ва ба Ҷовид муроҷиат кард.
— Шери амакаш, камтар ёрӣ деҳ! Берун бароварда монем, ароба омада мебарад.
— Се сутунашро гир! – гуфт Шайдо ва дастонашро бо латтаи равғанолуд пок кард. Баъд аспи аз бори вазнини ҷувоз раҳо кардаро ҷилав кашида, берун бароварда, нўхтааш дар шохи тут баст ва баргашта равғани чобаро ба чалак гардонд. Дар таги чоба равған нигоҳ дошт ва чун говбон кунҷораҳоро берун баровард, дари ҷувозхонаро қуфл зада ҳамроҳи писараш ба роҳ даромад.
— Ҷовид!
— Лаббай!
— Амаки Аюбат дар миёндаштӣ ба ту чӣ гуфта буд?





