Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 417 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 417 аз 470 · 3 ноябри 2026

Шаҳодат чизе нагуфта парраҳои бинӣ ва лабонаш ба ҷунбиш омаданд.
Соро латтаро кушод ва телпаки шиноси шавҳарашро дида, ҳайрон шуд ва саволомез ба ў нигарист.
— Раҳмат, апаҷон, дигар одами мепўшидагӣ нест... Ба ҳар ҳол дар хонаи шумо мардина ҳаст. – Як назъ узр хост Шаҳодат ва баргашта рафтанӣ шуд.
— Телпакро беҳуда овардӣ, Шаҳодат.
— Охир, мебинам, ки аком дар сар фўта баста мегарданд.
— Тори сарашонро маҳкам пўшидан мумкин набудааст, барои ҳамин... – сафед карданӣ шуд зан.
— Ҳар чӣ бошад ҳам... Хайр.
— Хайр, омада ист.
Шаҳодат сар ҷунбонда рафт.
Соро ҳайрон буд, ки чаро Шаҳодат телпакро баргардонд. Чун Ҷовид аз кўча омад, пурсид: «Чаро Шаҳодат телпакро овард, мабодо ягон...» Ҷовид иқрор кард: «Не, оча. Ягон чиз нашудааст:
аз мурдани худ хабар дораму аз ин кор не». Пас Ҷовид телпакро гирифта дар пештоқи хона овехт ва ситорачаи онро гирифта ба ҳезумхона даромада чўбу тахта кофт. Тахтаеро ёфта қолаби ситораро нақш канд. Бо зўрӣ ситораро ҷо кард ва як тешаи кунд гирифта ба сўи гўристон рафт. Ҷовид паҳлўи хоки тўдаи гўри Зарифро бо теша кофта, тахтачаро се-чаҳор ваҷаб гўр кард. Ситора ба гўри ў менигарист. Ҷовид сари қабр нишаста дергоҳ сукут варзид. Пас сабзаи пеши пояшро панҷа зада-панҷа зада, хост воқеаҳои рўзро ба ў ҳикоят кунад, вале чизе ба ў халал расонд: номашро гирифта, ҷеғ зад. Ба садои Зариф хеле монанд. Мўи сараш рост шуд. Аз ҷой хест. Гардан дароз карда атроф ва гўрҳои пасту баландро аз назар гузаронд. Пас мисле ки ўро аз ин ҷо меронда бошанд, тозон аз қабристон берун баромад. Ў ба Зариф ҳеҷ чиз гуфта натавонист.
На дар бораи байрақбозӣ, на дар бораи ҷувозкаш шудани падараш ва на дар бораи телпакро баргардондани модари ў. Ҳа, пеш аз ҳама Ҷовид ба Зариф гуфтанӣ буд, ки ғам нахўрад: модараш нағз. Хоҳараш ҳам сиҳату саломат... Боз гуфтанӣ буд, ки худи ў ҳам акнун рафта аз паси падараш гирди кундаи ҷувоз мегардад ва дам ба дам мепурсад, ки чашми аспро кушояд, то олами рўшанро бинад: дар ин зерхонаи торик дили кас заҳр мегирад: дили асп ҳам. Падар фаҳмонад, ки чармро гирифтан мумкин не. Аспи сўр аз кунда хўсида бандҳоро пора карданаш мумкин аст...
Ҷовид баъзан ба ваҷд омада сурудҳои аз даҳони падар ёд гирифтаашро хонад:

Жола, жолае, миёни дарё жола,
Шохат шиканад, чинори панҷосола.
Шохои шикастаат маро абгор кард,
Шаҳрои мусофирӣ маро бемор кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан