— Ҳа... – кўтоҳ ҷавоб дод раис ва хаёл карда монд. Чашмони раис хеле беҳаракат буданд ва баъд якбора мижа зада ба Шайдо дўхта шуданд: «Оқсақол нафаҳмидааст» – гуфт ў. Шайдо ба маънии «Чиро нафаҳмидааст?» ба чашмони раис нигарист. «Нафаҳмидааст, ки туро аз ҷанг озод кардаанд. Ман ўро коҳиш кардам ва гуфтам, ки ҷувозро ба ту диҳанд...»
— Ў ба ман гуфт, раис. Лекин ман рад кардам... Хайр, ба хотири шумо. Ҳарчанд ба ман мувофиқ нест, ба хотири шумо...
— Дигар чӣ кор ҳаст? – гуфта боз ба фикр фурў рафт ва танҳо ҳамин гапро ёфт, ки аз ў пурсид:
— Ягон ёрдам лозим нест?
— Не, раис, ҳеҷ чиз лозим нест! – ҷавоб гардонд Шайдо, гўё чаҳор ишкели рўзгораш буд бошад. – Камро диҳаду ғамро не, гуфтаанд. Қаноат мекунем.
— Ҳа-а, қаноат мекунем... Шояд ту қаноат кунӣ, Шайдо, лекин ҳама қаноат карда натавонанд. Агар ҳама қаноат мекарданд, на касеро дузд мегуфтанд ва на касеро гуреза...
— Инаш ҳаст, раис... Магар ин дер мепояд?
— Не, Шайдо. Ин кори буздилон аст. Гўянд, ки буздил аз атсаи худ талхакаф шуда мурдааст.
— Раис, ман дар ҷанг надидаам, ки ягон фирорӣ ё ягон каси бо қасди бад ба ҷанг даромада рўз дида бошад. Магар писари асил ба модар хиёнат кунад? Ҳар кас, ки бад бошад, ҷазояшро бинад.
— Ҳар кас аз ҷанг гурехта бошад ва ё баҳона ҷуста омада бошад, албатта, ба балое печидааст.
— Раис, наход шумо ҳам гумон кунед, ки ман аз ҷанг гурехтаам?
— Ман ин хел нагуфтаам, Шайдо... Ман гуфтаниам, ки чаро баъзеҳо каси лаби ҷарро таги ҷар тела додан хоҳанд?
— Дунё ҳамин тавр сохта шудааст...
— Рост. Лекин одам бояд ҳамаи ин монеаҳоро шиканад.
— Як радио нест, ки фаҳмем, вазъияти фронт чӣ хел аст, – боз хотираш ба майдони ҷанг рафта гуфт ў.
— Вазъияти фронт хуб, Шайдо. Украинаро озод карданд...
Шайдо оҳиста сурфид.
10
Ҳалқаи дарвозаи ҳавлии Шайдоро кўфтанд. Соро дарвозаро кушода Шаҳодатро дид. Саломуалейкро фаромўш карда «Биё, Шаҳодат, даро!» гуфта ба ў роҳ кушод.
— Не, апаҷон, духтарчаам дар хона танҳо, – духтарчаи баъди ба ҷанг рафтани шавҳар таваллуд шударо дар назар дошт ў ва латтапечро ба Соро дароз кард.
— Ин чист? – ҳайрон шуда пурсид Соро.





