Фақат Ҷовиди асир он тараф буд: бе посбон. Ў ишора мекард, то ягон ёри бозӣ пуршаст тохта ўро зинда кунад.
Ҳомид тани Ҷовид, нафаре аз душманро то ҷон дошт сур карда, ўро ба ҳоли худ гузошта якбора ба тарафи Ҷовид тохт. Ба ў даст расонда зинда кард. Ҷовид, ки дам гирифта буд, ҳукм сўи байрақи душман тохта, онро рабуд ва рост боло давид. Ҳама аз пайи ў тохтанд. Пешгир карданӣ шуданд, вале Ҷовид бақувваттар баромад. Байрақро рабуд...
Баччаҳо аз хурсандӣ фарёд заданд. «Ҷангбозиро бурдем! Армияи Советӣ ғалаба кард! Урра-аа!!!» Ҷастухез мекарданд...
Баччаҳои солҳои ҷанг пакар бошанд ҳам, ҳушёр метофтанд:
зери бори рўзгор монда, коркўфта шуда буданд. Ҷовид ҳам ба навҷавононе, ки тамоми гарониро ба гардан гирифта ба ҷои мардони ба ҷанг рафта ва пирони оҷизу нотавон кор мекарданд, ҳамроҳ буд. Баъзан чунон хунаш ҷўшида мерафт, ки дар они воҳид кореро анҷом додан мехост, ба худаш, ба зўраш чунон бовар дошт, ки кори аз дасташ намеомада набошад. Ва гоҳе баракс: чунон ҳақир менамуд, ки чизеро аз замин бардорад, зери бор мемонда бошад. Ў ҳоло ҳамроҳи ҷўраҳо равад ва дар дил андеша дорад, ки қусури ҳама ноумедиҳоро барорад. Чун падар мулоҳизакор нест, балки аз гиребони Абдул баринҳо мегирифтагӣ... Ў ҳама кирдор ва рафторҳои Абдулро шунидааст, вале он қадар сарфаҳм наравад, ҳатто ба падар дар ин бора савол ҳам надиҳад. Ва напурсад, ки барои чӣ оқсақол бо ў чунон муомила кунад... Шайдо ҳам аз ин хусус гап назанад...
— Ҷовид! – хаёли ўро парешон кард садое.
Ҷовид баргашта нигоҳ кард ва ҳама рафиқонаш ҳам. Раис сўи ў нигарон меистод ва Ҷовид пай бурд, ки раис ўро садо кардааст.
— Лаббай, амак! – ҷавоб гардонд Ҷовид.
— Додотро гўй, ки як назди ман биёяд.
Ҷовид «хуб» гуфт ва одами нағз – раис хоҳиш кард, гуфта то хона давида падарро аз назди дарвозаашон гардонд. Шайдо хабарро шунида ба идораи колхоз омад. Раис дар зери айвони идора бо раиси ҷамоат чизе мегуфт. Абдул аз ҳарвақта ҳам зиёдтар сурх шуда буд. Вале сар боло карда наметавонист. Шайдо ба сўҳбати онҳо халал надода сари роҳ бозистод, ки гапаш бошад, раис ҷеғ мезанад. Ў як назар дид, ки Абдул аз зери абрў ба ў бад-бад нигоҳ дорад: нигоҳаш ба суханони дирўзааш мувофиқ нест, балки мисли рўзҳои аввал нигарад. «Боз чӣ бало расида бошад?» ба худ савол кард ў ва дид, ки оқсақол андаке паҳлў гашта пушт гардонд. Баъд раис ба ў чизе гуфт, ки ҳамон зайл сархам ба идора даромад.
«Шайдо, биё ин ҷо!» даъват кард раис. Ў аз кўдакӣ Шайдоро туту мегуфт, ҳоло ҳамон хел ҷеғ зад, вале Шайдо ҳурмати раисии ўро дошта «шумо» мегўяд.
— Маро ҷеғ задед, раис? – боз аниқ карданӣ шуд Шайдо.





