Аз баччаҳои бозигар ҳам чанд нафар нестанд. Бозӣ низ чандон шавқовар нест. Шашнафарӣ тақсим шудаанд. Соҳибони байрақи сафед аз тарафи Ғарб байрақи сурхро зудтар бурданӣ шуда, як ҷосус фиристоданд. Ў аз байни ҳама пуршаст гузашта сўи дирафш тохт ва хост, ки байрақбонро фиреб дода ливо гирифта ба торафи худ гузаронад ва бо ҳамин ҷангбозиро барад.
Вале байрақдор фиреб нахўрда аз дунболи ў тохт ва худро дароз партофта ба пояш даст расонд ва бо чунин қаҳрамонӣ ўро асир гирифт. Акнун ба командаи байрақи сафед душвортар шуд: онҳо бояд асирро халос кунанд ва байрақи сурхро оваранд. Аз байрақи сурх доштагон Ҷовид баландтар рафт ва ҳамла карда аз хати миёна гузашт. Дид, ки ҳама чаққонии ўро дониста аз пасаш тозанд, боз дуртар давра гирифт, барои гузаштани ёрони дигар имкон пайдо шавад. Ў якбора пуршаст сўи байрақ тохт ва ба байрақ расида натавониста атрофи майдонро давр гашта аз паст ба «хоки худ»
гузашт. Ў нафаси дароз гирифт. Сари синааш шину хез дошт, аз ин «разведка»-и шитобкорона чизе фаҳмида натавонист. Ҳамин вақт касе чашми онҳоро хато карда ба сўи байрақи сурх тохт ва ҳамон лаҳза каси дигар ҳуҷум овард. Аскари ба сўи байрақ тохта якбора реб дода ба тарафи асир гашт ва даст ба дасти ў расонда озодаш кард. Якбора се кас ба сўи байрақ тохтанд: яке гузашт, дигаре гузашт ва сеюмӣ хам шуда байрақи ду ваҷаб аз замин болоро бурданӣ буд, ки касе ба тахтапушти ў бо кафи даст фуровард. Ў дар паҳлўи байрақ асир шуд. Асири аввал дубора ба асирӣ афтод, вале оне, ки якеро зинда карда буд, боло гурехта ба «хоки худ» гузашт. Ёрони Ҷовид онҳоро кам дида аз ду канор рафтанд ва Ҷовид дар миёна истод, ки агар фронт рахна шавад, зада дарояд. Онҳо давр гашта ба ақиби фронт гузаштанд. Ҷовид оҳиста аз хати миёна гузашт ва ба хотираш телпаки аз фронт овардаи падараш расид: «Ҳамин вақт телпак мешуд, ситораи сурхро ба пешониаш пахш карда, байрақи инҳоро мебурдам», аз дил гузаронд ў ва байрақбонро аз байрақ дур дида, мисли бод расида, онро бардошт ва тоб хўрда пас гаштанӣ буд, ки касе ба дасташ зада ўро асир кард.
Ҷовид асир шуд. Ва аз ҳамон ҷо истода фарёд зад: «Ҳо, рафиқон! Ҳушёр бошед! Тақдири ҷанг ба бозии шумо вобаста, қурбон шавед, вале байрақро аз даст надиҳед! Рафиқон, солдатҳо! Фурсат ғанимат!...» Ин гап ба соҳибони байрақи сафед сахт расид. Онҳо лагери дигарро камқувват дида ҳуҷумро сар карданд. Ҳамроҳони Ҷовид ақиб нишаста байрақро бонӣ мекарданд, ки аз даст наравад. Кам монда бошанд ҳам, ду нафар байрақ бонӣ мекарданд.
Се нафари дигар барои баргардонидани дами душман ҷонбозӣ доштанд. Аз паси шаш тан метохтанд, вале онҳоро асир кардан осон набуд. Лагери душман беодам монд. Ҳама аз сарҳад ин тараф гузашта буданд.





