гуфта ҷуфтро гардондани Наврўз ба ў нанигарад, ҳолати ўро набинад. Остини холии шинели Наврўз аз зери тасма баромада дар паҳлўи рости ў алвонҷ мехўрад. Говрона аз зери каш рўи соиди чапашро гузашта мисли сарнайза ба сўи фазо тир аст. Ў омочро дорад. Ва говрона ҳар лаҳза пас лағжад.
Ў омочро сар надода китф занад, то говрона пеш равад, вале намешавад ва бригадир боз омочро миёни ду синааш дошта ва дасташро хам карда говронаро пеш барад.
«Пагоҳ Ҷовидро ҳамроҳ меорам, Наврўз» дар дил ҳукм баровард Шайдо.
Вале рўзи дигар гуфтаи ў амалӣ нашуд.
Ў Ҷовидро ҳамроҳ гирифта буд. Вале дар сари кўча Абдулоқсақол пеши роҳи ўро гирифт.
— Ин роҳи дароз ба ту зўрӣ мекунад, кори сабук ёфта медиҳам, Шайдо... Ту бояд ҷувозро гардон кунӣ...
— Не... Худи Аюб омада гардон мекунад.
— То омадани ў...
Чунон ки рўзи рафтани Аюб дар миёндаштӣ гапи ўро писанд накарда аз зери гардани аспаш гузашта пеш рафтанд, Шайдо ҳоло чунон кунад: Аз паҳлўи Абдул гузаштанӣ, эътиборе надиҳад.
— Гапи ман не, раис гуфт, – ўро боздоштанӣ шуда гуфт Абдул.
Шайдо бозистод. Мулоҳиза кард. Баъди хеле вақт ба ҷуфтгарон, ки як-як нишеб шуда назди говхона рафта меистоданд, нигарист.
Ҷовидро наздиктар хонда говронаро ба ў дароз карда гуфт:
— Ма, Ҷовид, ту ҳамроҳи ҷуфтгарон рав, Наврўз ҳамон ҷо...
9
Баччаҳои пеш аз ҷанг таваллудшуда байнашон се-чор сол фарқ бошад ҳам, имрўз ҳаво хуб гуфта баъди дарс рўи теппа ҷамъ омаданд. Рўи теппа баҳорон ҷои сабзаю шукуфаҳо ва тобистону тирамоҳ дили офтоб, гармтарин ҷой. Чун бороне ё барфе борида заминро андаке нарм кард, баччаҳо рўи теппа бароянд.
Бозиҳо кунанд: «чилаку лоф», «бодбаракбозӣ», «дунги лагад», «тоқапуртанак». Вале ҳоло баччаҳо фикр карда «байрақбозӣ»-ро баровардаанд. Рўи теппа мисли қартаест, ки касе онро якёна медошта бошад. Дар миёнаи ин теппа ғўте ҳаст, ки гўё заминро ба ду қисмати баробар ҷудо кунад: Нофи Замин. Баччаҳо аз ҳамин санг ба ду тараф бо нигоҳ рах кашанд ва онро сарҳад номанд. Баъд ба ду тараф баробар тақсим шуда, дар ду канор байрақ бардоранд ва яктоӣ байрақбон гузошта ба хати сарҳад наздик оянд ва гўё Ватанро муҳофизат карданӣ шуда, чашми ҳамдигарро поянд, то ғофилгир карда ба хоки бегона даромада, байрақаш бирабоянд...
Имрўз ҳам аҳвол чунин. Вале кўдакони хурдсол, ки дар атрофу болои ғўт ҷамъ шуда бозии баччаҳои калонтарро тамошо кунанд, каманд.





