Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 412 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 412 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Батарӣ надорад.
— Радиоят кор накунад, дониста бош, ки мо ҷангро бурдем...
Оташро бо об кушанд... Оташ бо равған хомўш нагардад...
Ў Абдули пешин набуд. Сархам меистод. Ҳукмраво наменамуд ва манаҳ бар такяи каф гузошта, ҳавобаландӣ намекард. Балки мисли як балвогаре, ки такуболо зада мулкеро ба ҷунбиш оварда, оқибат шикаст хўрда, ба гўшае фирорӣ шуда бошад, сўгворӣ дошт.
Аз он дўғу дағдаға чунин анҷом чашм доштан аз эҳтимол дур буд. Шайдо хаёл намекард, ки Абдул ба ин зудӣ ин қадар тағйир меёбад. «Мор пўст партояд ҳам, дигар нашавад». Лекин аз ранги рўи ў, аз гапи ў, аз чашму нигоҳи ў чизе фаҳмида нашавад.
Зулфин садо кард, дар кушода шуд. Даштбон даромад. Ў интизор набуд, ки Шайдо дар идораи ҷамоат мешавад. Ҳайрон монд.
Вале пас гашта натавонист. Халтаи китфашро ба замин гузошт.
Нўги устухони сони гўсфанд халтаро дарронда андаке берун баромада буд...
Шайдо бархоста баромад. Чунон баромад, ки онҳо «шин»
гуфта ҳам натавонистанд. Вале Шайдо вақти баромадан овози Абдулро шунид: «Беҳуда кардӣ...»


Шайдо ба кор баромад. Ҳамроҳи ҷуфтгарон дар сои Раҳрави он тарафи Зарафшон ҷуфт мекард. Саҳар рафта, бегоҳ меомаданд.
Дигарон харсавор, ў пиёда: барзаговҳоро пеш андохта рафта меомаданд. Узви бригадаи чаҳорум. Худи бригадир Наврўзи якдаста ҳам ҳамроҳи онҳо ҷуфт мекард. Шайдо медид, ки ў ҳангоми «бо-о, парч!» гуфта аз сари огард гардонидани ҷуфт чӣ навъ бо сари дил омочро дошта ба пеш майл карда, ба юғи гардани говҳо говрона мезанад.
— Пагоҳ Ҷовидро меорам, Наврўз, – дилсўзӣ кард Шайдо.
— Барои чӣ?
— Говронаатро бардорад...
— Не-е – хандид бригадир. – Қадри меҳнат дар ҳамин...
— Чаро дигар калонҳо нею фақат ту?
— Магар командиратон намегуфт, ки ҳама ҷанговарон қаҳрамон нашаванд?
Шайдо хеле фикр кард, ки чӣ гўяд ва оқибат:
— Ба ҳар ҳол, – гуфта монд.
— Магар ҷуфтронии Холбибиро надидаӣ?..
Адири Роҳрав тоба-тоба шудгор шуда, замин сиёҳ мегашт.
Кабўтарон чунон гушна буданд, ки аз фарёди ҷуфтгарон ҳам нахўсида, села-села нишаста дони рўи хок мондаро чида мепариданд.
Ба ҷуфтгарон бад мерасид.
Шайдо мушоҳида мекард, ки ҷуфти барзаговҳо мисли танкҳо адирро рост шуда ба пушт хам хўрда мерафтанд. Ў кўшиш мекард, ки ҳангоми «бо-о парч!»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан