Мардак аз ин ҳуҷуми Шайдо ҳайрон шуда каме ба рўи ў нигарон истод ва баъд ба худ омада сар ҷунбонд: «Рост, аз беҳуда гаштан мурдан авлотар ва беҳуда мурдан баробар аст ба ҳаром мурдан».
— Ҷони гап ҳам дар ҳамин, ки амаки ҷон, дар ҷанг беҳуда мурдан нест.
— Э-э-э! – бепарвоёна даст афшонд мардак. – Мон, гап назан, ту ҳоло ҳам беақл будаӣ.
— Ақли ҳар кас баробари ришаш, – гуфта Шайдо аз назди ў дур рафт, вале мардак аз паси ў навохтан гирифт: «Беақл будаӣ ту. Гапи Абдул оқсақол дуруст будааст... Аз хоки ҳамин маҳал рўида, ниҳоли кўчатӣ барин ким-куҷоҳо рафтан хоҳӣ... Агар ҳамин хел фарзанд калон кунам, худам бо дастонам хафа карда мекушам... Беақл!..»
Шайдо қасдан аз ў дур рафт, то суханони беҳушонаи ўро нашунавад. Ў донад, ки ин қабил одамон Ватан гуфта аз бурҷи сандалӣ то поёни деҳаро фаҳманд, чунон ки ниёгонашон Ватанро хона ва як пора замини дар дашт дошта медонистанд. «Чӣ хел фаҳмонам ба шумо, чӣ хел?.. Инаш ин хел гўяд, онаш донистан нахоҳад, ақаллан ҳурмати вазифааш муғамбириашро ҳам ба кор набарад. Гўё ки сидқаш оинасон бошад... мефаҳмӣ, ҳоло мефаҳмӣ. Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?..» Ў хеле дур рафта, то поёни деҳа расид ва баргашта омад, ки Искандари ланг дари идораи ҷамоатро кушода боло рафт ва Шайдо омада саволи пагоҳӣ дар назди ин дар тайёр кардаашро нўки забон оварда дарро кушод:
«Мумкин?»
— Ҳум! – ҳоло ҳам гарданаш ба гап задан ёрӣ намедод.
Шайдо ҳам бо ў даҳан ба даҳан нашуда, тугмаи шинелашро кушод ва коғазро бароварда дароз кард:
— Чӣ кор кунам? – пурсид Абдул.
— Лозим гуфтед, овардам.
— Ту рафта арз кардӣ, ки ман ба ҷонат расондам?
— Не.
— Не, ба раис.
— Натарс, ба раис гапи дигар доштам... Худи раис туро нағз шиносад.
— Нашиносад...
— Ман туро нашинохтам, Абдул. Раис шиносонд. Хуб ҳам шиносонд... Наход ту надонӣ, ки ин ташвишҳо муваққатӣ, шаб ё саҳар ҷанг тамом мешавад...
Абдул ба ў бад нигоҳ кард. Хунаш ҷўшид. Вале чизе гуфта натавонист...
— Рост гўям, ҷанг тамом шавад, дови ту ҳам намонад.
— Бас кун!
— Дод назан, Абдул... Ту намедонӣ, дар идораат радио бошад ҳам...





