Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 410 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 410 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба роҳи дашт нигарист, ба роҳи ҷувозхона, ба роҳи хона ва баъд ба роҳи хонаи Абдул. Фўта гирди сарашро мепечонд, тори сар хунук мехўрд.
Шайдо фикру хаёл карда бо тангкўчае, ки ба хонаи раиси ҷамоат мебурд, равон шуд. Ў ҳалқа ба дарвоза кўфт.
— Кӣ вай? – пурсид овози шиносе.
— Ман, амаки Шайдо!
— Кӣ? – боз пурсид ба дар наздик шуда ва дарвозаро боз кард.
– Ҳӣ! Амаки Шайдо! Чумчуқ овардед?
— Отат дар хона?
— Ман ота надорам.
— Хайр, дадат?
— Дар хонаи дарун.
— Ҷеғ зан.
— Чумчуқ мешад?
— Ҷеғ зан, мешад... уҳу!
Писарак паси дарвоза пиқӣ хандид ва додгўён рафт:
«Дада, ҳо дада, чумчуқ, дада!» Ва баъд ҳавлӣ тамоман ором шуда пас аз хеле вақт садои сурфаи мардона баромад.
— Ҳа? – дарвозаро кушода бе салому алейк пурсид ў.
— Салому алейкум!
— Ҳа? – боз такрор кард ў.
— Ман аз Комиссариати ҳарбӣ коғаз овардам...
— Ман идора дорам, ҳамон ҷо меорӣ...
Шайдо лом нагуфта баргашт. Хеле роҳ рафта, ба гўшаш садои кушода шудани дар расид ва ҳис кард, ки дари ба рўи ў пўшидаи Абдул бори дигар кушода шуд. Шайдо марди дарунпухта ва дарундоре буд. Ў баланд ва сахт гап намезад, тез ҳаракат намекард:
мабод, ки таноби дилаш канда шавад. Аз ин чиз ҳарос дошт ва бештар маънию фаҳмишро ба фаросати одамон ҳавола мекард, то худашон дарк кунанд. Аз ин рў, ғоз додани гапро беҳуда медонист... «Бефаросат, гумон мекунад, ки ман барои ҷои ўро гирифтан омада бошам... Ангишт сиёҳ, вале оташаш сурх, гарм. Аммо ин даруни сиёҳ дораду рўи сурх...»
— Шукри худо, ки нарафтаӣ! – аз сари тангкўча садое омад.
Шайдо баргашта Искандари лангро дид ва аҳамият надода рафтан гирифт.
— Ба худо шукр, ки баргаштаӣ. – боз садо кард мардак.
— Чӣ ҷои шукр дорад? – худро ба нодонӣ зада пурсид Шайдо.
— Чӣ хел ҷои шукр не? Яке дар ҷанг мурда равӣ, зану баччаҳот...
— Хайр, чӣ? Аз ин хел ҳел-ҳел гаштан ва касонро озурдан дар ҷанг мурдан авлотар нест?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан