Аз ин ҷавоби раис Шайдо ҳайрон шуда баромада рафт: «Барои чӣ ин хел ҷавоб дод? Ё масъаларо медонисту аз ман гап гирифт ё худаш бо кору бори Абдул машғул ҳасту ба ман намегўяд? Ё худаш ҳам ҳамроҳ? Не. Набояд... Ва ман барои чӣ ин гапро ба ў гуфтам? Беҳуда кардам магар?.. Не... Дуруст кардам. Агар раис ҳам ба ин кор саҳлангорӣ кунад, ман ҳамту намемонам... Раис беҳуда «не» гуфтӣ, дер мешавад...»
Шайдо дар назди идораи ҷамоат дер вақт нигарон шуд. Абдул наомад. Ў аз касони дучоромада пурсид, ки ўро дидаанд, ҷавоб гуфтанд, ки аз шаҳр барнагаштааст. Баъд гаранг-гаранг чизеро ҷуста ба дари ҷувозхона рафт. Дари сиёҳ ва равғанолуди ҷувозхона қуфл буд. Садои ғижаки тиру каҷаккоса намеомад. Ба хаёлаш:
ҷўраи даврони кўдакӣ – Аюбро диданӣ омаду наёфт. Таъкиди Соро ба ёдаш расида баргашт. Чун ба кўчаи калон баромад, писарашро дид. Завқаш омад, вале хотири парешон нагузошт, ки ў аз таҳти дил завқ кунад.
— Додо! Очам гуфт, ки зуд биёед, – боз ҳамон гапро такрор кард ў.
— Рафта истодаам, баччем, – гуфта Шайдо сар писар сила кард ва ў мисли гурбаччаи гарму нарм сар ба оғўши падар андохт... Онҳо чанд кадам ҳамон зайл роҳ рафтанд. Шайдо шодӣ дошт. Ҳама орзуе, ки солҳои ҷанг ба дил мепарварид, ҳамин буд:
ширинтараш, гуворотараш ва аз ҳама хубтараш ҳамин буд. Вале чунин намуд, ки ў барои аз ҷанг бармаҳал баргаштан хафа аст.
Шайдо банди хаёл чӣ зайл сари писар аз паҳлўи синааш дур шуд, нафаҳмида монд.
— Ҳоло фатират напухтаасту ин қадар одамро саросема мекунӣ,
– аз дари ошхона сар халонда гуфт Шайдо.
— Шайдо, ту мисли занҳо дарди интизориро накашидаӣ, барои ҳамин ба назарат ҳеҷ тобад.
— Ҳа, Соро, табиат ба мардҳо фармудааст, ки баъдтар аз занҳо дард кашанд: хеле дуру дароз ва сахт. Навбати дардкашии ман акнун меояд.
— Ин чӣ гуфтагиат, Шайдо?
— Охир, ман намеомадам, байни бародарон ҷанг намешуд.
Аюб ба ҷанг намерафт.
— Ҷангу ҷидоли онҳо нав не. Ҳоло ҷанг сар нашуда буд, ки байни онҳо ҷанг мерафт...
8
Шайдо дар паси дари идораи ҷамоат истод: дарояд ё на? Пас ў даст ба дастаи дар бурда ва суоли «мумкин?»-ро ҳам тайёр кард.
Вале тираш хок хўрд. Дар ҳоло ҳам қуфл буд. Пас ў ба атроф нигарист ва касеро надида баргашт. Баргашту ба фикру хаёл рафт.





