— Барои деҳқонзода мансаб чӣ лозим? Коре бошад, ки аз меҳнати ҳалол... Не, раис, коре бошад, ки ба фронт ёрӣ расонда тавонам...
— Ҳама ба фронт ёрӣ мекунем. Фронти мо ҳам беодам шуда истодааст. Хабар омад, ки аз фронт муаллимону тракторчиҳоро гардонда мефиристанд.
— Лекин ман на муаллимам ва на тракторчӣ. Ароба кашида тавонам, каланд зада метавонистагистам...
— Барои чӣ «метавонистагистам?»
— Раис, ман ба касе нагуфта будам, ҳатто ба хона, лекин ба шумо мегўям. Ман касал...
Раис ба рангу рўи ў нигарист. Рўи хароби худро молид ва барои дилдории Шайдо гуфт:
— Ту касал нестӣ...
— Шумо ҳам гапи ҷамоатро мезанед?
— Чӣ хел гапи ҷамоатро?
— Ту аз ҷанг гурехтаӣ, гуфта қариб аст, ки маро хўрад.
— Не, ман ин хел гуфтанӣ нестам. Ман гуфтанӣ, ки ту касал нестӣ, ғусса хўрдаӣ.
— Шумо раиси ҷамоатро мешиносед?
— Магар не?
— Чӣ кас буданашро? Тасодуфӣ оқсақол шуданашро, бадзот, каҷдил буданашро?
— Ҳамаашро...
— Не, ҳамаашро намедонед.
— Чӣ, ман аз ин мулк нестам? Намедонам, ки ў аз барои нафсаш оламро фурўшад?
— Кӣ намедонист, ки ў колхозро намехост? Ба ҳамин ният молашро Ўсмат бурда фурўхта омад. Хайр, инаш маълум, моли худаш. Лекин шумо медонед, ки барои чӣ дар Лаби Бўз – замини бригадаи Ҷари Сурх гандум нарўид?
— Шунидам, лекин ба чашмам надидаам.
— Гўё як пешдоман гандумро ба замин пошида ҷуволи алоро гардонда бурдаанд. Аз рўи шунидам, ба хонаи Абдул-оқсақол.
Раис ба маънои «кӣ медонад?» китф дарҳам кашид. Шайдо ҳам қатъӣ ба раис нагуфт, ки ин гап рост аст. Бобои аробакаш худаш гандумро шабона оварда дар ҳавлии Абдул фуровардааст.
— Раис, ман ин корро ҳамту намемонам... ба райкон меравам,
– дил холӣ карданӣ шуд Шайдо.
— Ҳоло не... ман аввал решаи гапро фаҳмам, агар рост бошад, ҳоҷати тафтиш ҳам не, як рўз не, як рўз худаш ба забон омада мегўяд.
— Дер намешавад?
— Не...





