«Ман писари Мўсодароз не» гуфта будӣ. Ёдат ҳаст!
— Гум шав, нобакор! – ба рўи зин нимхез шуда фарёд зад ў.
— Пас чӣ хел ман ба ту бародар шавам? Ман писари Мўсодароз-ку?.. Ту бепадар. Фамилияат ҳам ба номи модарат. Маълум, ки барои ту хуни падар эътибор набудааст. Ту аз дигар шикам ва ман аз дигар шикам. Пас мову ту бародар нестем. Барои ҳамин дилат ба ман насўзад.
— Аҳмақ ту, аблаҳ ту! Ту ба фиреби ун гурезаи беватан афтида аз ман – бародарат рў мегардонӣ?
— Аз бародар рў гардондан осонтар нисбат ба он ки аз падар рў гардонӣ... Ману ту бародар нестем...
— Ана бародарат, – Шайдои наздик омадаро нишон дод ў,
– ҳамин хел не?!
— Ҳамин хел...
— Мурӣ беҳтар. Нофата аз нофи ў ҷудо накун, оқибаташро бинӣ...
— Оқсақол бошӣ, ба худат, ман мех задам, ки ин қадар часпидӣ? – паҳлўи аспи ў истода гуфт Шайдо ва тезтар қадам монд, то Аюбро дарёбад. Абдул ҳам то назди Дупула асп ронду дигар ҷуръати пеш рафтан накард.
Дупулаи Зарафшон онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
7
Шайдо пас аз ду рўз баргашт. Рўзи аз ҷанг баргаштан ин қадар хаста ва заҳир набуд. Имрўз парешон ва димоғсўхта намуд. Барои ба Аюб ҳамроҳ шуда, то район рафта, танҳо баргаштан худро маломат кард. Аввал ба назди раиси колхоз – Нусрат даромад.
Нусрат марди хароби ажрикичашм буд ва чунин чашм дар тамоми колхоз якто: равшан, зинда ва ҷозибадор. Вале дар паси он чашмҳо ҳамеша як хаёли хуфта ва рози нуҳуфта буд. Ҳеҷ гоҳ ба чашми кас нигоҳ карда гап намезад. Лабаш ҷунбад, чашмаш ба дигар тараф банд мешуд.
— Ягон ёрӣ лозим, Шайдо? – баъди пурсупос гуфт раис.
— Не, раис... – Шайдо дергоҳ хомўш монд, сухани асосиро гуфта натавонист, сонӣ инони фикрро ба дигар тараф кашид:
– Ягон кори сабук ёфта диҳед.
— Масалан?
— Худам намедонам... Дар бригадаи якум кор карданӣ нестам. Дур бошад ҳам, ба бригадаи Холбибӣ меравам. – Парешон баромад суханонаш.
— Хайр, ин он қадар масъалаи мушкил не-ку. Гумон кардам, ки ягон мансаб мехоҳӣ.





