Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 406 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 406 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Намегардам! Меравам! Ин хел намешавад! Ё ту бояд биравӣ ё ман!
— Биё гашта равем, баъд ман меравам.
— Не, ба военкомат равем, кадомамонро, ки фиристанд.
— Охир, номи ту дар рўихати онҳо нест, куҷо меравӣ?
— Корат набошад! – хитоб кард Аюб ва боз аз аспи ў пеш гузашта рафтан гирифт. Аз паси ў асп ва баъд Шайдо мерафт.
Абдул маҳмез зада, аспро ба Аюб баробар кард ва хам шуда мисли бузкашҳо аз гиребони шинели Аюб дошт ва дандон ба дандон монда гуфт:
— Ман маймун не, ки ту маймунбозӣ кунӣ?.. Нагардӣ, чилбур андохта мебарам...
Абдул ўро кашида ба паҳлўи асп ҷафс кард, ки ба пеши зин бардошта, рост ба хонааш барад. Вале Аюб вазн андохт ва силтав дода фарёд задан гирифт:
— Сар те, гуфтам, сар те! Ба ман кордор нашав, сар те!
Шайдо омада гиребони ўро аз дасти Абдул халос карданӣ шуда, аз ҷафси панҷаҳои ў даст андохта гиребони шинелро сахт кашид. Абдул каме ба паҳлўи чап майл кард ва алами Эсо аз Мўсо, гиребони Шайдо гирифт:
— Ту чаро ҳамроҳ мешавӣ? Мурад, ба гўраш ту намедароӣ.
Барои ҳамин... наздик нашав, шарик нашав! Аз роҳ бароварданат бас!– гуфта ду-се афшонда дур андохт.
— Ҳамаро мисли худат роҳзану ҳаром мадон... Ту ҳам ба гўри ў даромада натавонӣ. Бародари бегона ҳастӣ.
— Бародар надошта бошӣ, қадри бародарро чӣ донӣ?! – каме ба рўи зин рост шуда дод зад ў.
— Ман, ки бародар надорам, ба қадраш мерасам, вале ту...
Абдул ба сухани ў эътиборе надода аспро маҳмезу лаҷом зад, то Аюбро дарёбад. Вақте ки аспаш бори дигар пеши роҳи Аюбро гирифт, ў каме хам шуда кўлвори даст ба замин гузошт ва гўё ба ҷанги тан ба тан омода гашт:
— Ту чӣ хоҳӣ аз ман?
— Ман аз ту? – тааҷҷууб кард Абдул, – Ҳеҷ чиз! Ту чӣ дорӣ, ки чашм ало кунам?.. Фақат нахоҳам, ки ҳар касу нокас ба ман таъна занад.
— Таъна занад ҳам, ба ман занад, ба ту не. Канӣ ун хел марди ба дилу гурда, ки ба ту таъна занад?
— Ту-дия, марди ба дилу гурда!.. Ҷўраи нағз ёфтӣ, – ба Шайдо ишора кард ў. – Хуб таълим дод. Чанд рўзи дигар хонадат, падару модарношинос ҳам мешавӣ.
— Падарношинос ту, на, ки ман, – таънаашро Шайдо нашунавад гуфта, як ба пас нигоҳ кард ва дур будани ўро дида боз гапашро давом дод: – Ёдат ҳаст, ки барои ҷони худ шуда аз падарамон рў гардонда будӣ?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан