Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 405 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 405 аз 470 · 3 ноябри 2026

Писарак онҳоро ба ишораи даст нишон дода чизе гуфта гузаро шуд. Савор сўи дашт омад. Аз думболи онҳо меомад. Онҳо хеле дур рафтанд, ба рўд наздик шуданд. Аз пас садои наъли асп баромад. Шайдо баргашта нигарист ва саворро шинохта, гашташро давом дод. Аюб гўё медонист, ки ин савор кист. Барои ҳамин ба пас нанигарист. Дили ў низ худ аз худ таридан гирифт ва интизор буд, ки Шайдо кӣ будани ўро мегўяд.
«Абдул» оҳиста гуфт Шайдо. Дили Аюб мисли он ки ўро касе нохост тарсонда бошад, сахт-сахт зад. Шайдо гумон кард, ки Аюб сухани ўро нашунид, такрор кард: «Абдул... Бародарат!».
Аюб ба ў сахт нигоҳ кард. Ва сари асп аз паҳлўи чап ба онҳо баробар шуд ва зуд гузашта ба пеши роҳашон кўндаланг истод.
Онҳо наистода аз пушти асп гузаштанд. Абдул аспро нимдоира гардонда бори дигар пеши роҳи онҳоро гирифт. Онҳо пои равон боздоштанд. Савор хомўш буд ва пиёдагардон низ. Ў аз асп нафуромада ба онҳо нигоҳ кард, то чӣ гўянд. Фақат аспи ў гап мезад:
кишна мекард, оҳанакҳои лаҷом ва даҳонаи вай садо доштанд.
Аюб ба чашми чапи калони асп, ки гўё аз мижгонаш ҳам берунтар ҷаста буд, нигарист. Чашми асп мисли фикри тез бозӣ мекард, чунин намуд, ки дар ин чашм ҳама чиз гунҷад: ҳам замину осмон, ҳам абри сари қулла, ҳам кўҳҳо, ҳам деҳа ва боғоти паҳлўи он, аробараҳа ва ҳатто худи Аюбу Шайдо ҳам. Вале савори болои асп баланд бошад ҳам, дар чашми ў натобад. Чашми зиндаи асп ба онҳо чизе гўяд, ҳатто мижа назада чизеро такрор ба такрор гўяд, вале онҳо нафаҳманд. Дар ин айём, ки ҳама ҷо урён гашта, хомўш ҳам ҳаст, ҳайвони безабон ором истода натавонад. Дасту пой банавбат бардорумон кунад, сар ҷунбонад. Беқарор. Пеш аз он ки замин ҷунбад, баъзе ҳайвонҳо ва паррандаҳо зилзиларо дарк кунанд. Асп тўфонеро пешакӣ ҳис карда, ишораҳо кунад, вале онҳо пай набаранд.
Шайдо дуздида ба савор нигарист, ки чашм аз бародар намеканад. Вале ду чашми Аюб ба чашми асп аст.
— Куҷо меравед? – ниҳоят тоқат накарда пурсид Абдул, вале ҷавобе нагирифт.
— Куҷо меравед, мегўям! – сахт гуфт ў.
— Худат гуфтӣ, ки равед, боз пурсӣ, ки куҷо равем! – ҷавоб гардонд Шайдо.
— Ту рав!.. Лекин ман бо ў шўхӣ кардам!
Аюб ба ҷои ҷавоб аз зери гардани асп гузашта ба роҳ даромад.
— Хук барин гарданата шах накун! – сари аспро ба роҳ тофта гуфт ў, – Ман шўхӣ кардам, ки наздам омада, мадад пурсӣ.
— Ман аз ту мадад-падад намепурсам, – роҳравон гуфт Аюб.
— Гумроҳ, гард!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан