Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 404 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 404 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ва аз паси се нафаре, ки ба сўи дашт нишеб шуда мерафтанд, аз таваккул нигарист ва он «аскар»-и хурдро, ки гўё солаш дар дафтари хоҷагӣ калон афтида бошад, дида ҳайрон монд ва ба ҷои он ки аз паси ў рафта баргардонад, рў тофта ба идора даромад.
— Гард, писарам, баччагӣ накун, – то миёндаштӣ омадани Ҷовидро басанда донист Шайдо. Ҷовид ҳам истод, Аюб ҳам.
Вақте ки падару писар баҳс карда яке «баргард»-у дигаре «не»
мегуфт, Аюб аз он дурӣ дар паси пардаи уфуқ, дар пушти дарахти тут касеро ҷуст. Ё роҳ дур буд ва ё зўри чашмаш нарасид, ки касеро надид.
— Шери амакаш, гард акнун... То ҳамин ҷо омадӣ, бас, – овозаш ларзида-ларзида гуфт Аюб.
Ҷовид сар хам карда бо нохуни нарангушти по ба рўи роҳ хат кашидан гирифт. Пойҳои ў сиёҳ ва қарқ баста буданд. Эзори тики рах-рах дошт. Дар сараш арақчин барин каллапўши латтагин буд.
— Додо, чаро телпакро ба Зариф додед? – гўё иддаояшро гуфт Ҷовид.
— Падараш фиристода буд. Баъд, дидӣ, ки дар хунукӣ чӣ хел меларзид.
— Ман чӣ?
— Ту – йигит, паҳлавон... Ин дафъа ба ту навашро меорам.
— Ҳозир гуфтед, ки ман дигар намеравам. Боз мегўед, ки навашро меорам.
— Меорам, баччем, меорам. Ҳоло баргард. Ба ҷои ман очаатро бонӣ кун, намон, ки ягон кас гапи сахт занад. Ту сардори оила, писарам.
Ҷовид сар ҷунбонд.
— Шери амакаш, аз хонаи мо ҳам хабар гир, Нозимро касе назанад...
— Ўро касе намезанад, амак. Ҳамроҳи Мўсохон ҳамаро мекўбанд.
— Шери амакаш, то ин вақт сояи ман буд. Акнун ту ёр шав.
Ба янгаат ҳезум лозим шавад, оварда деҳ... Сиҳату саломат баргардам, қусурашро мебарорам.
Ҷовид хез карда аз гардани падараш дошт ва башаст аз рўи ў бўсид ва фурсати бўсидани падар нашуда ў худро ба замин партофта сўи деҳа тохт.
— Ҷовид, исто! Бо амакаш хайрухуш накардӣ!
Мазмун, бори дигар симои писарро ба хотир гирифтан хост.
Вале Ҷовид ба гапи ў гўш накарда сўи деҳа давид. Шайдо парешон шуда ба Аюб нигарист, ки чаро бачча ин хел кард. Вай ба ҷои ҷавоб китф дарҳам кашид. Писарак дар дуродур метохт. Баъд ў мисли оҳуе, ки аз сайёд дур рафта бошад, осуда ба пас нигарист ва оҳиста-оҳиста рафт. Сипас саворае пеши роҳи ўро гирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан