Ҳоло сурати Абдул ва занаш – Саврӣ пеши ғазаби ў сўзад. Дандон сояд ў. Вале надонад, ки аз содагии худаш. Хайр, бад будани бародарро донад, аммо наход ки бе ягон далел занашро ин қадар ба танг орад.
— Чӣ мегўӣ? – ба гўшаш гапи Шайдо даромад. Рў овард ба Шайдо суолашро фаҳмида ва ҳозирҷавобӣ кард:
— Мегўм, ки то омадани табар кунда осояд.
— Яъне чӣ?
— Яъне, то аз фронт баргаштани ҷавонмардон инҳо аспашонро хуб тозиёна зананд.
Аюб ба гапи Шайдо ҷавоби мувофиқ наёфт, ки сукут варзид ва хотирашро чизе парешон кард, ки бо гўшаи чашм ба паси дарахти тут нигарист. Занак аз зери остини камзўл остини курта бароварда зери чашмон медошт.
«— Гиря накун» – дар дил гуфт ў, вале назди занак нарафт.
— Додо, боз меравед? – падарро оғўш карданӣ шуда пурсид Ҷовид.
— Не, писарам, ман намеравам. Ба амакаш ҳамроҳӣ мекунам.
— Шайдо... ба писарат гўй, ки тохта рафта як хокандоз л-лахча биёрад, – канда-канда гуфт Аюб...
— Дер шуд, Аюб. Дар ин ҳавои кушод дуди нашшаро ҳам дошта наметавонӣ... Мо киро интизор?
— О, ба мо намегўянд, ки куҷо равем? – дар дилаш гап мондагӣ барин гуфт Аюб.
— Инаш маълум.
Ду марди шинелпўш ба роҳи калони дашти васеъ нишеб шуданд. Дар сари Шайдо фўта чанбар буд, фарқи сараш метофт. Ва дар сари тозатарошидаи Аюб тоқии иимдошти чоргул. Баробари қадам монданашон ба гўши Аюб аз паси дарахти тут як фиғони талху тунде бозомад. Ба назари Аюб пўсти сар тоқиашро бардошт, бо вуҷуди он нигоҳ накарда рафт.
Ҷовид ба занак нигарист, баъд ҷониби Аюб зеҳн монда, қадамашро ба онҳо баробар кард.
— Баргард, писарам, очаат танҳо.
— Ман ҳам ҳамроҳи шумо меравам.
— Вақту соаташ ояд, меравӣ, баччем, ҳолӣ баргард...
— Шумо мехоҳед, ки боз ману модарам раҳбонӣ кунем?
Шайдо бозистода маънидор ба писар нигарист ва «не, дигар роҳбонӣ намекунед» гуфта аз китфи ў дошт, то баргардад. Шайдо ҳамин гапро ба писараш кифоя дониста ба роҳ даромад. Ҷовид аз онҳо қафо мондан нахост.
Абдул ба сари марзаи идорааш баромад. Сафедии чашмонаш суп-сурх гашта буданд. Ҷиготи ў мисли хамири туршида дамида буд. Ў ба кӣ чӣ гуфтан ва ба куҷо нигоҳ карданро намедонист.





