Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 402 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 402 аз 470 · 3 ноябри 2026

Аюб баланд хандид, чунон хандид, ки ҷувозхонаи хомўш садоро акс гардонд.
Ҷовид ҳайрон шуда, якбора худро даруни дар гирифт. Аюб даромадани баччаро надида, ба хаёли худ банд, суханашро давом дод:
— Ў-ў-у, дар дори баландат мурам! – гуфта ба дори сақфи ҷувозхона, ки тирро уреб медошт, нигарист. – Бин, ки ин дори баланд як болори калону вазнинро медорад. Бардор-е, зораша об барад.
Арақи асп хушк шуда, хунук хўрд, ки худро афшонд. Даҳонаю ҳалқаҳои лаҷомаш садо бароварданд. Гўшҳояшро сих карда паёпай ба дар менигарист. Баъд атсааш омад, ки бинӣ афшонд.
«Дурр!» – ба асп нигашта садо дод Аюб. Ва боз оташгиракро бардошта қўрро кофтан гирифт. Гуле ҳам набуд. «Сабил, ҳама кор барқасд мешавад. Ина бин акнун. Як чуғ ҳам нест...»
— Бас не? – пурсид Шайдо.
— Бас... Бас-е. Лекин боз дилам хоҳад.
— Не, бас.
— Ҳа, бас, – ў лабонашро ба лаби шутур монанд карда ба гиря даромад. Сар ҷунбондан гирифт. Баъд сарашро ба сутуни лаби марза зад.
— Сарата назан, Аюб! – ўро боз дошта хоҳиш кард Шайдо.
— Не, мезанам!... Мон, занам!... Мон, занам, мон, кафад, ғубораш барояд...

6

Баъди як ҳафта Шайдо боз ба роҳи омадааш баргашт. Ин дафъа ҳамроҳаш ҷавонмардони деҳа не, балки Аюб буд. Онҳо ба ҷанг рафтанӣ буданд: ҳарду ихтиёрӣ ва бештар барои гапи Абдул.
Гуфтанд, ки ба номашон повестка омадааст. Вале касе даъватномаи онҳоро надидааст. Ба гуселашон одами зиёд набаромадааст.
Соро, Ҷовид, чанд мўйсафеде, ки дар кўча нишаста буданд ва як занаки камзўли ғиҷиммахмали сиёҳпўшида, ки паси дарахти тут истода гиря мекард.
Аюб як бор баргашта ба он зан нигарист ва пурғазаб рўй гардонд. Ў мўи сарашро тарошида ва баракси он ришашро дароз гузошта буд; шонанакарда. Чашмони ў варамида ва фикраш фурў хобида буд; гўё аз андешаи зиёд монда шуда, инак дам гирифтан мехост. Ва баракси фикри оромаш мушакҳои рўяш бозӣ мекарданд.
Ягон-ягон кунҷи чапи лабаш ҳам мепарид. Ў мисли бародараш гарданкўтоҳи ғўлаи сурх не, балки расоқомат, гардандароз ва синапеши сарбаланд буд. Ҳар каси бори аввал дида ўро як одами ҳавобаланд мегуфт. Дар асл ин тавр не: гарданшах, якрав ва якқавла аст. Касеро дўст дорад, ҷон дареғ надорад. Бад бинад, ба рўяш нигоҳ ҳам накунад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан