— Ҳозир меравам, – ҷавоб гардонд Шайдо ва ба ҷувозкаш дида дўхт, ки иҷозат диҳед.
— Як дам шин, Шайдо, як кас намеёбӣ, ки гуфта-гуфта, дилатро холӣ кунӣ, – ҳасратолуд гуфт ў ва бори дигар аз лаби найча газида ва лахчаи сиёҳгаштаро бо оташгирак дукафон карда, пораро бар он гузошт ва найчаро ба лаб гирифта интизор шуд, то дуд кунад.
Дар фазои тираи ҷувозхона дудро надид. Бори дигар бўи нашша баромад ва бўи равғану кунҷораро пахш кард. Аюб донист, ки нашша дуд кард. Ў як нўги найчаро ба рўи лахча бурда, дудро фурў кашид. Дароз-дароз фурў кашид. Даҳонашро пур аз дуд карда, аз димоғ баровард. Ва найчаро аз лаб гирифта «пуҳу-пуҳу-пуҳу»
сурфид. Ва баъд сурфаи кабудаки кўдакона гирифташ. Дар қатори сурфаҳои ў Шайдо ҳам як бор сурфид. Кўтоҳ сурфид, Ҳамин зайл сурфид, ки ба сурфаҳои Аюб халал нарасонад.
Аз чашмони ҷувозкаш об баромад, ду-се бор бинӣ кашид. Ва боз найчаро ба лаб гирифта ҳар қадар дуд монда буд, фурў кашид...
Қонеъ нашуд, ки боз порае нашша газида рўи лахча гузошт ва ин дафъа фурў кашиду сар дод, фурў кашиду сар дод. Ва дер гоҳ сар набардошт. Шайдо аранге шунид, ки ў гиря дорад. «Маст шуд»
аз дил гузаронд ў.
— Аюб! – ўро ба худ оварданӣ шуд Шайдо, – Аюб, гиря дорӣ?
«Не» сар ҷунбонд ҷувозкаш. Баъд ҳу-ҳу гирист.
— Охир, ин хел ки будааст, чаро кашидӣ?
— Не-е, ту намефаҳмӣ. Вай худоноумед, нагўм, ҷонам мебарояд, бисёр корҳо кард.
— Бародарат?
«Ҳа» ба ишораи сар ҷавоб дод ў. Ва ҳар ду дергоҳ хомўш монданд.
«До-до! Очам гуфт, ки тез биёед!» – боз аз берун садо дод Ҷовид.
«Ҳозир, баччем, ҳозир!».
«— Ҳўўў, очат чия медонад, – гўё ба писарак ҷавоб дод ҷувозкаш. – Вай чӣ донад, ки дар дунё чӣ корҳо шавад, аз дили мард чӣ гузарад? Хун гузарад, хун. Медонӣ? Хун... Вай чӣ донад, ки ана вай, нагўм, ҷонам бурояд, худоноумед, чӣ хел одам аст? Бад.
Бисёр бад. Аз ҳад бад. Ту намедонӣ... Ту чия медонӣ? Дар ин ҷо набудӣ, аз куҷо медонӣ. Ду-се рўз гардӣ, мефаҳмӣ... Ман ин хел намемонам. Ман ҳам ҷон дорам. Ор дорам, номус дорам. Ба худо, монам, ки сум кашад...
— Ин хел нагў, Аюб, ба ҳар ҳол ҷону ҷигари ту.
— Не... Вай ҷону ҷигар не. Вай дигар, – гиря кард ў. – Вай...
вай... Хар – вай! Падарлаънат! Нагўм, ҷонам мебурод... Дар дунё одам қаҳт буд, зан қаҳт буд, ки ба сари зани ман омад?
— Чӣ-ӣ?!..





