Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 400 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 400 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Зағират чӣ қадар? – пурсид ҷувозкаш пеш аз он ки Шайдо ба саволи занак ҷавобе гўяд.
— Намедонам, ако!
Ҷувозкаш тарозуро гирифта дар як паллаи сатилии он зағирро андохт ва дар паллаи латтагии он санг гузошта аз шоҳини тарозу дошта бардошт.
1
— Зағират як милою се сирак. Як қадоқ зиёдтар рўған мешад.
Ҷувозкаш аз чалак ба андоза равған гардонд. Аз қолабаш гузаштааст, ки боз аз андоза ба чалак гардонд ва баъд ба қолаби дилхоҳаш баробар карда ба косаи занак холӣ карда гуфт:
«Мана».
Занак дар ҷояш меистод. Шайдо боз рўймоли холӣ ва косаи ўро дароз кард.
— Худоё, худовандо, аз баччу каччатон бинед! – гуфта занак баромад.
Шайдо ба маънои «ин занак кист?» ба ҷувозкаш нигарист.
— Зани Мурод, – маънии нигоҳи ўро пай бурда гуфт Аюб.
– Соли дуюм аст, ки кабудашро намепартояд. – Нигоҳ кун, зағири нуқл, писараш сарак кардагист...
— Ба ҳамаи инҳо дилат месўзад-а, Аюб?
— Баъзан дилам месўзад, баъзан хито мешавам... Агар ту намебудӣ, худо донад, ки ба ин занак рўған медодам...
Шайдо феълу атвори мардумро хуб медонист, вале дар замони ҷанг онҳо чӣ хел шудаанд, намедонист.
— Рўган бошаду феълат гирад, намедиҳӣ-а?
— Намедиҳам, – ҷавоб дод Аюб ва бо шилдир (оташгирак) қўри оташдонро кофт. Шарорае намоён шуду даруни хокистар нопадид гашт. «Сабил» гуфта ў боз дарунтар кофт. Лухе пайдо шуд ва дар як лаҳза мисли абре, ки рўи офтобро гирад, пардаи хокистарӣ рўи онро фаро гирифт... ҷувозкаш бо оташгирак онро пештар кашид. Баъд ба кисааш даст бурд. Чойхалта бароварда даҳони онро кушода аз дарунаш як пора талқони кабудчаи сахтшударо баровард ва аз лабаш бо дандон ба андозаи ними нахўд ҷудо кард, ба рўи лахча гузошт ва дароз шуда аз роғи сутун найчаеро гирифта ба Шайдо дароз кард: «Марҳамат!»
— Не, Аюб. Раҳмат.
— Тез гир, худам хафа.
— Медонам, айби ман.
— Намегирӣ?
— Не, – гуфта сурфид.
— Додо, очам гуфт, ки тез биёед! – худро аз дар канор дошта гуфт Ҷовид.

  1. Се сирак – 750 грамм.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан