Ман ҳеҷ касро тавалло накардаам, ки аз ҷанг боздорад.
Қисмат ҳамин будааст... – докаеро ба тирхонаи кунда андохта ва равғанҳои боқиро бардошта ба чоба афшурд ва боз ба гап даромад: – Ҳеҷ гап набуд, қатори мардон: ё мемурдам, ё маҷрўҳ мешудам, ё бармегаштам. Ана ту: сиҳат саломат баргаштӣ-ку.
Холмурод бе ду даст омад, хайр, қисмат. Ман ҳам мерафтам, ё қатори унҳо будам, ё қатори шумо.
— Ба худо, Аюб бовар кун, ман шинелатро дида гумон кардам, ки ту ҳам...
— Ҳавай ёфта овард. Ба ҷону ҳолам намонд, ки пўшам. – Бародарашро дар назар дошта гуфт Аюб.
— Дидӣ, чӣ хел дилаш ба ту месўзад, вале ту...
— Ман чӣ кор кунам? Аз гапаш набаромадаам, лекин ба инаш тоқат карда натавонистам...
Ҷувозхона якбора торик шуд.
— Ако, рўған доред? – шунида шуд овози занона. Ҷувозкаш ҷавобе нагуфта бо докапораи равғанин дастонашро пок кард.
— Лаббай? – ба занак суол кард ў.
— Рўған доред? – боз пурсид занак.
Ҷувозкаш хеле беҷавоб истод. Пас дар дил «Макка чӣ меравӣ?
Дилеро дарёб» гуфта овоз баровард:
— Ҳаст, хоҳарак, ҳаст... Даро!
Занак аз дар даромад. Ва дар дасти чап пеши оташдон марди шинелпўшро дида бозистод. Ў бо қарси докагии ранги сиёҳдода худро печида буд. Фақат чашмонаш менамуданд. Вале дар торикӣ Шайдо надид, ки ин зан кист. Ў дар дасти рост косаи сафол ва дар дасти чап рўймолчаи кабуд дошт. Дар рўймолча чизе буд.
Занак аввал рўй ба тарафи дар тофта истод, баъд дуздида-дуздида шубҳаомез ба мардҳо нигарист, ки чаро ҳар ду шинелпўшанд. Дар зери куртаи нимдошти карбоси кабуд пайкари ў меларзид.
Ҷувозкаш чобаро бардошта бо пайраҳа рўи марза баромад.
Занак омадани ўро дида ба дами дар рафт. Ҷувозкаш чобаро паҳлўи чалаки сиёҳи дароз гузошта «Канӣ!» гўён ҷониби занак нигарист.
Занак аз ҳамон ҷо рўймолчаро дароз кард.
— Наздиктар биё, туро касе намехўрад! – ғазаболуд гуфт ҷувозкаш.
Занак як-ду қадами хурд пеш омада боз рўймолчаро дароз кард: «Мана!»
— Чӣ вай?
— Зағир.
Шайдо мушоҳида дошт. Ин дафъа бархоста руймолчаю косаро аз дасти занак гирифта назди ҷувозкаш овард ва занак кӣ будани ин мардро шинохта пурсид:
— Акои Шайдо, нағз ҳастед?





