Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 398 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 398 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ноодам нагў буд, ана ҳо-о онҳоро гўй! – бо ишораи сар оқсақолу даштбонро нишон дода, – Тақали онҳоро худат нағз медонӣ, – гуфт.
Муйсафед мисли хурўси аз ҷанг гурехта паногоҳ хоста лангон худро ба тўда зад. Даштбону оқсақол ҳам аз ин маърака дурӣ ҷуста ба тангкўча даромаданд. «Гўштигирӣ» ба охир расидагӣ барин давра хунук шуд.
Ба ёди Аюб зад, ки Тўруқ ҳоло ҳам дар гардан вазни борсангро бардошта меистад. Тахтапулро гузашта сўи ҷувозхона рафт.
Шайдо аз паси ў равона шуд. Акнун ба аввалин тахтаи пул пой монда буд, ки садои писарашро шунид.
— Додо!
Шайдо баргашта ба писар нигарист. Ранги рўи ў канда буд ва нафасаш мегашт.
— Ҳа? – ба маънии ба ту чӣ шуд садо баровард падар.
— Очам гуфт, ки ба шумо дарафтидаанд. Ҳў-ў, ана худаш дар даҳани тангкўча!
— Не, баччем, ҳеҷ гап нашудааст. Ба Мўсохон чумчуқ дошта додам.
Аз ин гапи падар Ҷовид завқ кард ва тозон баргашт.
— Ба очаат гўй, ки ҳозир меоям, – аз паси писар фарёд зад Шайдо ва сўи ҷувозхона роҳӣ шуд.
Ў ин дафъа дергоҳ дари ҷувозхонаро гирифта наистод, зуд даромад. Ва дид, ки ҷувозкаш бо қаҳру ғазаб кучанро аз гардани асп гирифта болои борсанг гузошт ва сари онро ба охурчаи гўшаи чапи ҷувозхона, ки дарунаш як қабза беда меистод, сар дод.
Каҷаккосаро аз сари тир бардошта ба девор такя гузошт. Дореро, ки ба сақфи баланди ҷувозхона насб карда буданд, ба тир баст ва баъд китфи рост ба тир такя гузошта ва харпанҷа андохта, зўр зада тирро аз тирхона баровардан хост. Ў як бор зўр зад, ду, се бор зўр зад ва дафъаи чаҳорум тиру кунҷораро бардошт. Аввал тирро ба лаби кунда монд. Баъд ба китфаш бардошта, озод дошта кунҷораро баровард ва боз тирро дар тирхона ҷой карда, кунҷораро аз так ба боло ҳаво дод. Кунҷора рост рафта мисли кулоҳи масхарабози сирк бар тори рахти кунҷораҳо қарор гирифт. Ҳоло ҳам Аюб бо Шайдо гап намезад. Гўё қаҳрӣ буд.
— Нағз накардӣ, Аюб, – тоқаташ тоқ шуд. Вале ҷувозкаш боз гап назад. – Ҳама гумон кунанд, ки аз барои ман ин корро кардӣ.
— Набошад, аз барои кӣ?
— Ту гумон накун, ки ман ба ҷои ту ҷанг рафта бошам. Не-е!
Ба ҷои худам рафтам. Ман ҳам гражданин, ман ҳам одам, бояд Ватани худро ҳимоя кунам.
— Ман одам не, ман граждон не? Ман ҳам одам, ман ҳам граждон, ман ҳам дасту пои солим дорам. Маро аз ҷанг наметарсонӣ.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан