Шайдо наздик омад. Пеши чашмаш оқсақолро дид. Суп-сурх шуда буд. Базўр нафас мекашид. Ва гоҳ-гоҳ лабашро медошт.
— Барои як нокас шуда... барои як гуреза шуда... ту бо ман даст ба гиребон мешавӣ?.. Му – ур! Аз ин рўзат батар шав! Аҳмақ худи ман. Ҷону ҷигар гуфта, туро боздоштам. Кўрнамак, боз аз гиребони ман мегирӣ!.. Кўр шав, махов шав!..
— Ман туя тавалло накардаам, хонасўз. Гумон мекунӣ, ки хонасўзиҳои туро касе намедонад? Не-е-е, дуздию ғаррӣ таги саргини хар...
— Дуздию тозӣ карда бошам, барои ту кардам: барои баччу каччи ту кардам... Худоноумед!..
— Худоноумед худат. Ман ба чашми касе хок назадаам. Моли касеро нахўрдаам, ҳааа...
Одамон – тамошобин, иштиёқи шунидан доштанд, хомўш буданд: аҷаб, ки худро қафо кашиданд. Даштбон пайдо шуда, хомўш аз бозуи оқсақол гирифта ба идора дароварданӣ шуд. Ў ор карда аз давра берун нарафт.
Даштбон якраҳагӣ карда ўро тела дода-тела дода бурданӣ шуд.
Абдул «ист унту!» гўён китф зада аз дасти даштбон халос шуд ва сўи Аюб наъра кашид: «дилсўзҳоро хомохом мехўрам».
— Мехўрӣ-а, мехўрӣ. Кӣ будани туя ҳоло намедонанд. Фаҳманд, хўрдаат аз биниат ояд...
«Гўед, гуфтан гиред, тагу тирезаатонро бунёд кунед, ормон дар дилатон намонад!» – мўйсафеди асобадаст аз кирдори бародарон ор карда аз байни тўдаи одамон худро ақибтар кашид.
Тўда ба ҷунбиш омад...
— Ту домони ин даштбонро дор, ки гум накунӣ, дигар ҳама қир шаванд ҳам, боке нест, – аламаш аз ҳад зиёд шудагӣ барин бо овози баланд гуфт Аюб. Ва баъди ин гап дар таги пўсташ заҳри каждум давидагӣ барин баданашро фарошо гирифт.Чун бузғолаи ба об афтида худро афшонд.
Пирамард пай бурд, ки ў гуфта, дилашро холӣ кард. Акнун сар диҳад ҳам, ҳамла намекунад. Ў харпанҷаашро кушод. Аюб аз банд раҳо шудагӣ барин як-ду қадам канор рафт.
«—Рав, додо, рав. Аз ноодамӣ касе ба ҷое нарасидааст» – гуфт Искандари ланг. Ин ҳарф Аюбро аз роҳаш боздошт.
— Кӣ? Ман ноодам?! Ноодам шуда моли киро хўрдам? – аз нав ҷўшид ў, – Хонаи киро пахш кардам? Ба сари зану духтари кӣ рафтам? Канӣ гўй!
— Ман туро нагуфтаам, рав, додо, рав!
— Шумо аз сар шона мезанеду аз так фона! Додо мегўеду мезанед, додархонду хоҳархонд мегўеду мезанед, хеши худам мегўеду мезанед!..
— Додо, ба ман чӣ арбада мекунӣ, моли падарат ҳис нокарда?





