— Шумо отаи Зарифа дидаед?
— Кадом Зариф?
— Мана ҳамин.
— Шарифро мегўӣ? – саропои баччаро аз назар гузаронида ва аз зери камзўли дарози занона пойҳои бараҳнаи ўро дида гапашро давом дод: – Ҳоло ў наомадааст?
— Не! – сар ҷунбонд Зариф ва ба рухсорааш ашк шорид.
— Ба ман «меравам» гуфта буд, – сари баччаро сила карда гуфт Шайдо, – дар роҳ будагист, – гуфта телпакашро ба сари лучи ў пўшонд. – Ана саллот шудӣ, отат дода фиристода буд.
Баччаҳо ҳамдигарро тела дода ба Зариф нигоҳ карданд. Завқ бурданд. Худи Зариф ҳам хандид.
«Чумчу-уқ!» – завқи баччаҳоро кушт Мўсохон.
— Амак, чумчуқ аз пушти болор парида рафт, – хабар дод як баччаи резапайкари хандонрў.
«Э ҳамин мана парронад ҳам, рафтам!» масхара шуданашро ҳис карда аз дил гузаронд Шайдо ва роҳӣ шуд.
— Амак, телпакатон монд!
— Пўшида гард, баччем! – гуфта рафтанӣ буд, ки доми бар сўрохӣ ниҳодааш таппӣ ба замин афтид.
Қобил худро ба болои он партофта чумчуқро гирифт ва ба мардак дароз кард.
Шайдо гунҷишкро бо ғазаб ва нафрату заҳра ба Мўсохон дод. Ў аввал гунҷишкро дудаста сахт дошт ва якбора ба ҳаво сар дод.
— Чӣ кор кардӣ, девона, мардак хафа мешавад! – гуфт Қобил.
...«Чумчу-уқ!» – гирён назди падар даромад ў.
— Амак, чумчуқи ин кас мегуфтагӣ – кабк! – фаҳмонд писари ҳамсояи оқсақол.
5
Шайдо кору кирдори Абдул-оқсақолро таҳлил карда мерафт.
Ба хонааш нарасида, кўча мағал шуд. Гумон кард, ки баччаҳо аз барои телпак занозанӣ карданд. Баргаштан хост. Вале сараш, ки луч буд, муносиб надида аз рўи ҳавлӣ фарёд зад, ки Соро барояш фўта барорад. Соро як фўтаи бунафшранги обинусха баровард.
Шайдо фўтаро гирди сар печонда ба кўча баргашт. Ҳар қадар, ки деҳа мўсафеду бачча дошт, дар кўча ғун шуда буданд. Мўйсафеде «Айб-айб!» гўён ҷувозкашро сахт оғўш карда медошт. Дар рўи ҷувозкаш ранг намонда буд. Ў зўр мезад ва ҳамла мекард, ки аз дасти мўйсафед раҳо шуда ба касе дарафтад. Дар ҳар ҳамлааш мўйсафедро як-ду қадам мебурд. «Аюб, ин шармандагӣ, макун ин корро!» гўён харпанҷа маҳкамтар мефишурд.





